Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

шуданаш даркор аст ё номуайянини ӯ бояд афзоиш ёбад. Яке аз ин ҳолатҳо бояд ҳатман ифода шавад.
Агар ягонгае аз онҳо ифода нашуда бошад, пас мантиқи фикр устувор нест. Ишоратҷонисини ин дар ҷумлаи дувум инкишофи фикрро ба ҷараёни мантиқӣ дохил менамояд. Ва аз чорчӯби фикри рус берун меорад.
Ҳамин ҳолатро дар ҷумлаҳои зерин ҳам мебинем:
«Маҷлиси илмӣ-амалӣ шуда гузашт. Дар маҷлис фалонӣ маърӯза кард».
«Семинари соҳибкорон барпо гардид. Дар семинар масъалаҳои ташкили кор муҳокима шуд».
«Гурӯҳи артистени тоҷик ба хориҷа сафар карданд.
Дар ҳайати гурӯҳ артистони номдор ҳастанд».
«Шӯриш қисми Фракияро фаро гирифт. Шӯриш аз ибтидо тамоюли зиддифеодалӣ дошт».
Ин гуна ҷумлаҳо дар матбуот бисёр дучор мешананд ва ҳама ба як тарз монандӣ якдигар сохта шудаанд, муаллифон аз якдигар нусха бардоштаанд. Ва на фақат аз қолиби шудани тафаккури мо гувоҳӣ медиҳанд, балки дар ҳудуди ин қолиб ҳам нуқсони мантиқӣ доранд. Қолибро шикаста натавонем ҳам, лоақал нуқсони мантиқро бартараф кардан даркор аст.
Осонтарин илоҷ дар зикри такрории ҷумлаи дувум илова кардани ишоратҷонишини ин, он, ҳамин ва ғайра мебошад. Он гоҳ ҷумлаҳои мазкур тахминан бояд чунин шакл гиранд:
«Маҷлиси илмиву амалӣ баргузор шуд. Дар ин маҷлис фалонӣ маърӯза кард».
«Семинари соҳибкорон барпо гардид. Дар ин семинар масъалаҳои ташкили кор муҳокима шуд».
«Як гурӯҳ артистони тоҷик ба хориҷ сафар карданд. Дар ҳайати ин гурӯҳ артистони номдор ҳастанд».
«Шӯриш як қисми Фракияро фаро гирифт. Ин шӯриш аз ибтидо тамоюли зиддифеодалӣ дошт».
Аз ҷумлаи поин тамоман равшан аст, ки дар ин мавридҳо риоя нашудани қонуни муайяниву номуайянӣ то чӣ андоза маъниву мантиқро хароб мекунад:
«Вусъати тараққии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ҳайратангез аст. Тараққии техника дар ҷумҳуриҳои Осиё ба дараҷаи олӣ расидааст».
Ҳангоме ки ин ду ҷумларо пайи ҳам мехонем, тасаввуре ҳосил мегардад, ки сухан дар ҷумлаи якум аз ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ва дар ҷумлаи дувум умуман аз қитъаи Осиё меравад. Аммо дар ҳақиқат чунин

пешина
аз 393
навбатӣ