Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
нест. Дар ҳақиқат муаллиф дар ҷумлаи дувум ҳам ҷумҳуриҳои Осиёи Миёнаро дар назар дорад. Аммо ҷумларо нодуруст сохтааст ва дар натиҷа тамоман маънои дигар ҳосил гардидааст. Ин ҳамон харобкорӣ дар маънои пайомади он аст, ки аз ҷумлаи дувум фақат як ин афтодааст. Ин дар ҷойи худ гузошта шавад, ҷумлаи дувум ба тамоми маънои дигар — маънои матлуб мегирад:
«Вусъати тараққии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ҳайратангез аст. Тараққии техника дар ин ҷумҳуриҳои Осиё ба дараҷаи олӣ расидааст».
2
Дар ҳамаи мисолҳои боло дар натиҷаи ин ки айни як шахс ё чизе аввал дар як ҷумла зикр шуда, баъд дар ҷумлаи дувум такрор омадааст, ишоратҷонишини ин зарурат пайдо мекунад. Гоҳ такрорӣ зикр шудани айни як шахс ё чиз на дар ду ҷумла, балки дар ду қисми як ҷумла сурат мегирад. Дар ин сурат ҳам зикри ин зарур аст, аммо дар навиштаҳои имрӯза ба назар намерасад. Чунончи, ин тарз ҷумла месозанд:
«Техникуми кооперативии фалон шаҳр ва омӯзишгоҳи касбию техникии назди техникум талаба қабул мекунад».
«В. И. Ленин эҷодиёти Л. Толстойро аз назар гузаронида, пеш аз ҳама таъкид кардааст, ки ҷустуҷӯҳои нависандаи реалист давраи калони таърихи халқро дар бар гирифтаанд».
Аз ин мисолҳо дар ҷумлаи якум омӯзишгоҳи... назди ин техникум гуфтан даркор буд, чунки ин ҷо на умуман аз техникуме, балки маҳз аз ҳамон техникуми кооперативӣ, ки дар аввали ин ҷумла номбар шуд, сухан меравад. Пас он ҷумларо чунин таҳрир кардан лозим буд: «Техникуми кооперативии фалон шаҳр ва омӯзишгоҳи касбҳои техникии назди ин техникум (ё ки назди он, бидуни зикри техникум) талаба қабул мекунад».
Дар ҷумлаи дувум ин нависандаи реалист гуфтан даркор буд. Агар ин зикр нашавад, нависандаи реалист ишора ба Л. Толстой нахоҳад буд, балки умуман ҳар як нависандаи реалистро ифода хоҳад кард. Муаллиф дар ин мавриди зарурати ифодаи муайяниро фаромӯш карда, дар ибораи пас аз ин — давраи калони таърих зикри артикли «як»-ро аз ёд баровардааст. Як дар ин ибора

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо