Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
додани ҷумлаҳои қавсдор аксаран риоя намешавад. Қаламдастҳо ба чӣ тарз ки хоҳанд, ҷумлаи қавсдор сох- тан мегиранд ва парвое аз ин надоранд, ки мутобиқати зоҳирӣ, робитаи мантиқӣ, ҳатто сохти ҷумла вайрон шу- дааст.
Гоҳ чунин ба назар меояд, ки тартиб додани ҷумлаи қавсдорро ҳанӯз дуруст ёд нагирифтаем.
Шарти асосии ҷумлаи қавсдор ин аст, ки муносиба- ту робитаи ҳамаи аъзоҳою ҷузъҳои он бояд, чунонки дар ҷумлаи беқавс ҳаст, дуруст таъмин гардад. Ин му- носибату робита бояд чунон бошад, ки агар қавсро аз миён бардорем, ҷумла вайрон нашавад, ноҳамворие рӯй надиҳад. Ҷумлаи қавсдор баёни фикрро осон мекунад, вале моро аз қонунҳои мантиқ озод намесозад. Инро бисёр вақтҳо фаромӯш мекунем.
Чунончи, гуфтаанд:
«Театр балети С. Ҳамроев «Ҷавонӣ» (ҳамроҳи Тер- Осипов)-ро намоиш медиҳад».
Ин ҷумла вайрон аст. Он кас, ки андак савод дорад, бояд чунин сухан наронад. Касе, ки ин ҷумларо на- виштааст, гумон дорад, ки чун ба ҷумла қавс ҳамроҳ шуд, қонуну қоидаҳои суханро риоя кардан шарт нест. Не, ӯ саҳв кардааст.
Ҷумлаи мазкур он гоҳ шакли дуруст хоҳад гирифт, ки сохти он ва тартиби ҷузъҳояш монанди ҷумлаи му- қаррарии беқавс бошад. Масалан, ба ин тарз: «Театр балети С. Ҳамроев «Ҷавонӣ»-ро (ки ҳамроҳи Тер-Оси- пов эҷод кардааст) намоиш медиҳад». Яъне ин ҷо мав- риди он буд, ки эзоҳи миёни қавс ба шакли ҷумлаи пайрав сохта шавад.
Дар мисоли зерин ҳам сухани миёни қавс чунон ома- дааст, ки ҷумларо тамоман вайрон кардааст:
«Дар мусиқии тоҷикон услуби бадахшонӣ, кӯлобӣ, гармӣ, фарғонӣ, бухороӣ, ленинободӣ (агар гуфтан ҷоиз бошад)-ро ба хубӣ дарк мекунем».
Ин ҷо ҷоиз бошад-ро ба тоҷикӣ чизест, ки на ба бел меояд, на ба каланд. Пас аз феъли тасрифӣ (баъди ҷумлаи пайрав) омадани -ро тамоман хилофи расми су- хани форсии Тоҷикистон. Тартибидиҳандаи ин ҷумлаи но- ҳинҷор ба қоидаҳои забони русӣ ё шояд ба баъзе на- виштаҳои форсии имрӯза, ки низ нусхабардорӣ аз за- бонҳои Ғарб аст, кӯр-кӯрона тақлид кардааст. Албатта, қавс дар расми хатти тоҷикӣ, чунонки гуфтем, аз забо- ни русӣ омад ва баъзе қоидаҳое низ бо худ овард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор