Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
Аммо ин қоидаҳои нав бояд хилофи қоидаҳои мавҷудаи забони тоҷикӣ набошанд, забони моро аз дарун вайрон накунанд. Фақат дар ҳамин сурат қоидаҳои навро қабул метавон кард. Вагарна онҳоро қатъиян рад кардан лозим меояд.
Пас ҷумлаи болоро чӣ тавр ислоҳ кардан даркор аст? Ба фаҳми мо, онро, масалан, ба ин тарз сохтан беҳтар буд:
«Дар мусиқии тоҷикон услуби бадахшонӣ, кӯлобӣ, гармӣ, фарғонӣ, бухороӣ, ленинободиро (агар таъбир ҷоиз бошад) ба хубӣ дарк мекунем».
Дар ин сурат ҳам ҷумлаи пайраве, ки чун ибораи туфайлии даруни қавс омадааст, ба қоидаҳои пештараи забони тоҷикӣ мувофиқат надорад, лекин дар айни замон хилофи онҳо ҳам нест ва аз ин рӯ қобили қабул аст. Ҳар нави бояд чизе бо худ орад, ки мо надоштем ё он чиро, ки худ доштем, такмил диҳад. Он гоҳ ин нави бояд ба ҷон қабул шавад. Вале дар сурате ки навӣ ҳар чиро, ки худ дорем, зеру забар кунад, ҳаргиз қобили қабул нахоҳад буд.
Дар навиштаҳои солҳои охир аксари эзоҳоти даруни кавсайн ба шакли ҷумлаи пайрав меояд. Лекин аз чӣ сабаб бошад, ки муаллифон дар ин маврид риояи шартҳои ҷумлаи пайравро зарур намедонанд, эзоҳи миёни қавсро чунон месозанд, ки аз алоқамандӣ бо дигар қисмҳои ҷумла маҳрум аст. Дар натиҷа эзоҳи миёни қавс чун ҷумлаи мустақиле аз дигар қисмҳои ҷумла ҷудо шуда меистад. Ба фикри мо, инро нуқсон шумурдан даркор аст. Ҷумлаи пайрави миёни ду қавс бояд бо аломатҳои зоҳирӣ, чунончи, бо пайвандак ба дигар қисмҳои ҷумла сахт алоқа дошта бошад. Фақат дар ҳамин сурат фикр ноканда ва пай дар ҳам ифода мегардад, мантиқи ҷумла пурра зоҳир мешавад. Ба ин ҳақиқат, масалан, аз ҷумлаи зерин пай бурдан мумкин аст:
«Дар қишлоқ ғайри худашу як ҷавон, ки фарзанди ӯ гашта буд (модари ин ҷавон ҳангоми таваллуд кардан фавтид), касе намондааст».
Ба назари мо, ҷумлаи пайрави миёни қавсайнро ҳатман бо пайвандаки зеро ё чунки сар кардан даркор буд. Ҳоло ки пайвандаке нест, робитаи ин ҷумлаи пайрав аз дигар ҷумлаи пайрав (фарзанди ӯ гашта буд) бурида шудааст. Қавс нишонаҳои зоҳирии алоқаи грамматикию синтаксисиро иваз карда наметавонад, балки фақат вазъияти яке аз ҷузъҳои ҷумларо дар байни ҷузъхои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор