Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
дигари он муайян мекунад, чунончи онро ба ҷузъи туфайли табдил медиҳад, вале чигунагии муносибати ин ҷузъи туфайли ва ҷузъи дигаре дар мавридҳои муайян бояд бо як унсури зарурӣ ифода шавад. Дар мавриди боло ҳамин унсури зарурӣ пайвандак аст. Тамоман равшан аст, ки дар ҷумлаи мазкур эзоҳи миёни қавс ба шакли ҷумлаи пайрав омадааст. Пас, ҷумлаи пайрав бояд пайвандаке дошта бошад, ки чигунагии робитаи онро бо сарҷумла равшан кунад.
Ҷумлаи пайрав, хоҳ дар миёни ду қавс бошад, хоҳ берун аз он, бояд пайвандаки зарурӣ дошта бошад, бо пайвандаке ташаккул ёбад, он гоҳ тамоми ҷумлаи мураккаб шакли дуруст ва одати мегирад, вагарна ҷумла вайрон хоҳад буд.
Имро Лоиқ ҳис кардааст ва чунин ҷумлае сохтааст.
«Агар хоҳем, ки мусиқии мо машҳур бошад ва шеъри мо тарғиб шавад (зеро сурудро бе тарҷума гӯш мекунанд), бояд эстрадаро ривоҷу равнақ диҳем».
Агар шоир ҷумлаи даруни қавсро бо пайвандаки зеро сар намекард, тамоми ин ҷумлаи мураккаб вайрон мешуд. Аз ҳамин сабаб ҷумлаҳои зерин ба назари камина ҷумлаи вайрон аст:
«Девони шоир (аз 1040 байт иборат аст) дар дасти хешовандонаш маҳфуз аст».
«Вай латифаҳои халқиро ба Мунҳавзен (дар армияи рус хизмат мекард) нисбат додааст».
«Ин нусхаҳо (с. 1778 нашр шуданд) ҳамчун материал хизмат карданд».
«Бо вуҷуди сари ҷавонаш (сисола буд) соҳиби мартабаву мақоме гаштааст».
«Романи «Саргузашти Сафар-маҳсум» (бо ҳамкории Ҳ. Назаров эҷод шудааст) синтези юмору ҳавҷ ва таъриҳу қаҳрамонии хоса аст».
Дар ҳамаи ин ҷумлаҳо чизе намерасад ва он ҳам «ки» мебошад. Фақат дар сурате ки ҷумлаи пайрави даруни қавсро бо ки сар кунем, байни ҷузъҳои ҷумлаи мураккаб робитаи мантиқии табиъӣ пайдо мешавад:
«Девони шоир (ки аз 1040 байт иборат аст) дар дасти хешовандонаш маҳфуз аст»; «Ин нусхаҳо (ки соли 1778 нашр шуданд) ҳамчун материал хизмат карданд». Ва ҳоказо.
Ҳоло дар навиштаҳои мо бо ки оғоз ёфтани ҷумлаи пайрави миёни қавсайн тамоман дида намешавад. Мо инро нораво мешуморем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор