Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
Ё ки ин ҷумларо бинем:
«Толстой дар ин ҷо повести «Кӯдакӣ»-ро (якумин асари чопии Толстой) офарид».
Ин ҷумла ҳам, ба гумони қавӣ, ба тақлиди ҷумлаҳои русӣ сохта шудааст ва қолиби он қолиби русист. Барои ин ки тоҷикӣ шавад, андак таҳрир карда, ибораи миёни қавсро ба ҷумлаи пайрав гардондан даркор буд:
«Толстой дар ин ҷо повести «Кӯдакӣ»-ро (ки якумин асари чопии ӯст) офарид».
Қолиби ин ҷумла, ба назари мо, тоҷикист. Пайвандаки ки яке аз муҳимтарин унсурҳоест, ки аз паси худ қолибҳои тоҷикӣ меорад. Дар солҳои охир аз ки гурехтани қаламкашҳо ва ҷӯйӣ онро надонистани онҳо нишонаи ин аст, ки дар мулки забон роҳ гум кардаанд ва ба кӯчаҳои бунбасти тақлид бисёр медароянд. Ин ҳақиқатро боз як навъи дигари ҷумлаҳои қавснок тасдиқ менамояд.
Дар навиштаҳои айёми мо ба ҷойи ки омадани вай, ӯ, он хеле бисёр ба назар мерасад. Мо инро ҳам номатлуб медонем, зеро қолиби русӣ ва хилофи мантиқи забони тоҷикист. Барои ин ки масъала равшан шавад, чанд ҷумлаеро аз назар мегузаронем:
«Аз дӯсташ (вай боз раис интихоб шуда буд) иҷозати сафар талабид».
«Масъалан мудири шӯъбаи газвор (ӯ пештар барои ҷаллобӣ суд шуда буд) муҳокима шуд».
«Бо талабагон (онҳо нав ба хона даромада буданд) салому алек кард».
Дар ин ҷумлаҳои пайрави даруни қавс вай, ӯ ва онҳо зиёдатист. Зеро онҳо ифодаи дувуми он аъзои ҷумлаанд, ки пеш аз қавс истодааст: вай ифодаи дувуми «дӯстам», ӯ ифодаи дувуми «мудир», онҳо ифодаи дувуми «талабагон» аст. Ва ҳол он ки ба тоҷикӣ барои чунин ифодаи дубора эҳтиёҷе нест: ин «вай» «ӯ» ва «онҳо»-ро фурӯгузор кунем ҳам, на маънои ҷумлаи пайрав ва на маънои умумии ҷумлаи мураккаб зараре намеёбад. Онҳо ягон вазифаи маънишинохтӣ (семантикӣ), дастурӣ (грамматикӣ) ё услубӣ иҷро накардаанд. Ва ҳол он ки ҳар чӣ вазифае надорад, нодаркор аст ва аз он халос шудан лозим аст.
Дар ин навъ ҷумлаҳои қавсдор ҳодисаҳои аҷибе рӯй медиҳад: боз он чӣ нодаркор аст, ҳаст, он чӣ зарур аст, нест. Он унсур, ки қаламкашҳо дар чунин ҷумлаҳо зарурати онро эҳсос намекунанд, пайвандаки «ки» мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор