Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
Пас, агар чизи нолозимро фурӯгузор ва унсури заруриро илова намоем, ҷумлаҳои боло чунин шакл мегиранд:
«Аз дӯсташ (ки боз раис интихоб шуда буд) иҷозати сафар талабид».
«Масъалаи мудири шӯъбаи газвор (ки пештар барои ҷаллобӣ суд шуда буд) муҳокима шуд».
«Бо талабагон (ки нав ба хона даромада буданд) салому алек кард».
Боз як навъи ҷумлаҳои қавсдор ҳаст, ки боиси эрод мегардад. Гоҳ ҷойи қавс дар дохили ҷумла нодуруст таъин мешавад, яъне қавсро на дар он ҷое, ки лозим аст, мегузоранд. Чунончи:
«Шоир саргузашти ин духтарро истифода карда (ӯ чанд самолётӣ душманро зада ғалтонда буд), образи як зани ватандустро ба вуҷуд овардааст».
Дар ин ҷумлаи мураккаб ҷумлаи пайрави миёни қавс дар ҷойи худ наомадааст. Ин ҷумлаи пайрав ҷумлаи муайянкунанда аст, ки ба «духтар» дахл дорад, «духтар»-ро аз як ҷиҳат муайян мекунад. Пас онро баъди «духтар» гузоштан даркор буд: «Шоир саргузашти ин духтарро (ки чанд ҳавопаймои душманро зада ғалтонда буд) истифода кард...»
Ҳамин ҳолро дар ин ҷумла ҳам мебинем:
«Ҳамин ки таҳсили Шодӣ ба охир расид (вай дар синфи даҳум мехонд), роҳи шаҳрро пеш гирифт».
Боз ҳам ҷумлаи пайрави муайянкунанда, ки дар миёни ду қавс аст, аз муайяншаванда — «Шодӣ» дур афтодааст. Агар хоҳем, ки алоқаи муайянкунандаю муайяншаванда суст ва канда нашавад, онҳоро паҳлӯи якдигар гузоштан беҳтар аст. Он гоҳ ҷумла ба ин шакл медарояд:
«Ҳамин ки таҳсили Шодӣ (ки дар синфи даҳум мехонд) ба охир расид, роҳи шаҳрро пеш гирифт».
Дар ин маврид аз наздик истодани ду «ки» («ҳамин ки» ва «ки»-и даруни қавс) тарсидан лозим нест. «Ки» яке аз фаъолтарин унсурҳои забони мост ва агар ҷумла дуруст сохта шуда бошад, ду-се бор ба ҳам наздик омадани он айбе надорад. Ин ҳолатро дар навиштаҳои устодони сухан бисёр дидаем.
Акнун ба ин ҷумла диққат кунем;
«Падарам гуфтанд, ки ба наздашон (он солҳо воли-дайн дар радио кор мекарданд) равам».
Ба назарам, ин ҳам намунаи нодуруст тартиб додани

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор