Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
ҷумла аст. Нодурустии дар он аст, ки қавс дар ҷойи худ нест ва аз ин сабаб ду хабар — кор мекарданд ва равам бидуни такозои робита паҳлӯи ҳам воқеъ гардидааст. Ба ақидаи мо, қавсро ба охири ҷумла гузоштан даркор буд; «Падарам гуфтанд, ки ба наздашон равам (он солҳо волидам дар радио кор мекарданд)».
Ҷумлаи зерин низ гӯё чунин амале хоҳон аст:
«Яке аз аввалин муаллифоне, ки тавсифи географияи ноҳияҳои гуногунро боқӣ гузоштааст, Ибни Хурдодбеҳ (асараш с. 646 таълиф ёфта, с. 885 бори дуюм таҳрир шудааст) буд».
Чунин менамояд, ки дар ин маврид ҳам қавсро ба охири ҷумла гирифтан беҳтар мебуд: «Яке аз аввалин муаллифоне, ки тавсифи ҷуғрофии ноҳияҳои гуногунро боқӣ гузоштааст, Ибни Хурдодбеҳ буд (ки асараш соли 646 таълиф ёфта, соли 885 бори дуюм таҳрир шудааст)». Дар ин сурат ҷумлаи пайравро (аз ки сар карда) бидуни қавс овардан беҳтар мебуд.
Ҷумлаи қавснок боз чанд навъи дигар дорад. Мутаассифона, мо ин ҷо ба ҳамаи онҳо таваққуф карда натавонистем. Фақат ҳаминро таъкид кардан мехоҳем, ки вайрон шудани мутобиқати ҷузъҳои ҷумла дар бештари ин навъҳо ба назар мерасад. Аз ин рӯ, ҳангоми сохтани чунин ҷумлаҳо эҳтиёти махсус зарур аст.
МАНТИҚИ СУХАН
Айби асосии бисёр мисолҳое, ки дар баҳсҳои гузашта оварда будем, дар иборасозӣ ва ҷумлабандӣ риоя нашудани мантиқи сухан аст. Бештарини вайрониҳо дар забон одатан аз нуқсони мантиқӣ сар мезанад. Агар бунёди мантиқии андеша устувор бошад, барои ифодаи он андеша калимаву ибора ва ҷумлаҳои муносиб ёфтан имконпазир меояд. Лекин агар фикр мантиқан дуруст ба шакле дароварда нашуда бошад, барои ифодаи он воситаҳои дурустеро ёфтан душвор аст.
Афсӯс, ки бисёр рафиқон ба ин чиз аҳамияти зарурӣ намедиҳанд. Онҳо гаперо, ки гуфтани ҳастанд, дуруст фикр намекунанд ва дар натиҷа нуқсони зиёде аз онҳо содир мегардад. Аз ҳамин сабаб яке аз нуқсонҳои ҷиддии мантиқӣ, ки риоя нашудани таносуби сухан аст, дар саҳифаҳои матбуоти мо зиёд шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор