Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Масалан, мегӯянд: «Ба хазинаи давлат фалон тонна пахта ё ғалла супурда шуд». Ва ҳол он ки ба хазина пахтаю ғалла гузоштан мумкин нест, зеро хазина ҷойи нигоҳ доштани тиллову нуқра ва ҷавоҳирот аст. Аз ин сабаб агар ба ҷои пахта ибораи маҷозии тиллои сафед омада бошад, нисбат ба он эҳтимол хазинаро зикр кар- дан мумкин аст: «Тиллои сафеди Ёвон ба хазинаи дав- лат дохил хоҳад шуд».

Гоҳо мегӯянд: «гулчине аз ганчинаи адабиёти то- ҷик». Ва ҳол он ки аз ганчина гул наметавон чид. Ҷойи гул гулзор ё боғ аст. Модоме ки гулчин гуфтем, бояд гул- зор, гулистон, чаман, чаманзор, чаманистон ва ғайраро зикр намоем.

Ё ки гуфтаанд: «Мо ин роҳро ба гардани касе бор кардани нестем»; «Албатта, ин гуна роҳ шикаст мехӯ- рад». Аҷабо, роҳро ба гардани касе бор кардан ё ши- каст хӯрдани роҳ чӣ гуна мешуда бошад? Роҳ магар хӯрҷин буд, ки ба кифти касе партофтан мумкин бо- лиад?!

Ин ҷо калимаи роҳ чун тарҷумаи калимаи линия омадааст. Яке аз маъниҳои линия дар тоҷикӣ роҳу ра- виш, тамюле дар рафтору кирдор ва фикру ақида ме- бошад. Тарҷумонҳо аз луғати Деҳотӣ калимаи «роҳ»-ро гирифтаанд ва асло фикр накардаанд, ки ин калима дар он ҷумлаҳо ва бо он феълҳо чӣ маъни хоҳад дод. Яъне тарҷумон калимаҳоро як-як тарҷума кардааст, аммо маънои умумии ҷумла, мақсади аслии суханро ба назар нагирифтааст. Агар ибораи дигар гӯем, калимаҳо- ро аз русӣ ба тоҷикӣ тӯтивор такрор намудааст. Оё аз ин бадтар гуноҳе барои тарҷумон ҳаст?!

Агар ин гуноҳ фақат гоҳо содир мешуд, мебахшидем. Мутаассифона, ин гуна гуноҳ хеле бисёр мегузарад. Мо дар қисмҳои боло аз ин хусус мисоли бисёр оварда бу- дем, барои ин, ки он мисолҳо ба назари баъзеҳо кам на- намояд, боз як-ду чиз илова мекунем.

Мегӯянд: «Мо ватандӯсти вафодори Ватани худ ме- бошем»; «Онҳо ватандӯсти кори худ мебошанд»; «Юби- леи фалонӣ ҷашн гирифта шуд»; «Сулҳ ҷидду ҷаҳди ҷиддиро талаб мекунад»; «Хатҳои пай дар пайи механи- конидашуда сохта шуданд».

Ин ҳама ҷумлаҳо аз русӣ ҳарф ба ҳарф тарҷума шу- даанд ва ба тоҷикӣ аз маъно маҳруманд. Тарҷумаи ҳарф ба ҳарф бадтарини тарҷумаҳо ва кори беҳунарта- рин тарҷумонҳост. Аммо аз чӣ сабаб бошад, ки матбуоти

пешина
аз 393
навбатӣ