Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
ҳамеша оғӯш кушода, ба пешвози чунин тарҷумаҳо медавад.
Ба назари мо, ба ҷойи ватандӯсти вафодори Ватани худ мебошем ватандӯсти вафодор мебошем гуфтан даркор аст. Дар ҷумлаи дувум ватандӯсти кори худ тарҷуман патриот своего дела мебошад. Чунин тарҷумаро қабул кардан ҳаргиз мумкин нест. Дар ин маврид барои патриот дигар муодиле ёфтан лозим меояд. Масалан, онро шояд дӯстдор гуфтан мумкин бошад: дӯстдори кори худ.
Дар ҷумлаи севум юбилей ва ҷашн ҳаммаъност ва юбелиро ҷашн гирифтан ҷашнро ҷашн гирифтан мешавад. Бино бар ин солгашти (солгарди) умри фалони ҷашн гирифта шуд ё ҷашни фалони баргузор шуд гуфтан беҳтар менамояд.
Дар ҷумлаи чорум ҷидду ҷаҳди ҷиддӣ боз ҳам монанди оби обакӣ мебошад: ду чид(д) як ҷо омадааст.
Бино бар ин, чунончи, ҷаҳду ҷадали ҷиддӣ гуфтан беҳтар мебуд.
Ба муносибати калимаи ватандӯст ҳаминро ҳам таъкид кардан мехоҳем, ки ба ҷумлаҳое аз қабили Ватандӯстонро тарбия намоем, ки дар матбуот бисёр ба назар мерасад, эрод гирифтан лозим аст. Эрод аз ин иборат аст, ки дар ин ҷумла пасоянди -ро калимаро мушаххас мекунад, он калима мавриди амал қарор меёбад ва ҷумла чунин маъно мегирад, ки онҳоеро, ки ватандӯст ҳастанд, бояд тарбия намоем, яъне ҳар кас ватандӯст бошад, ӯро тарбия кардан лозим аст. Ва ҳол он ки матлаб аз он ҷумла ин нест. Барои ин ки матлаб дуруст ифода шавад, масалан, гуфтан даркор аст, ки ватандӯстон тарбия намоем ё ки ҷавононро ватандӯст тарбия кунем. Дар ҷумлаи дувум ҷавонон мавриди амал қарор меёбанд, ки айни муддаост.
Ватандӯстонро тарбия намоем тарҷуман ҳарф ба ҳарфи воспитывать патриотов мебошад. Боз ҳам тарҷумаи ҳарф ба ҳарф маънои номатлубе ба миён овардааст.
То чӣ андоза ҷиддӣ будани ин масъаларо чанд мисоли поин боз равшантар нишон медиҳад:
Ин овозаҳо... бо мақсади рӯпӯш кардани кирдори ба
қатл расонидани қаҳрамон бофта бароварда шуда буданд. Аз ин ҷумла чӣ фаҳмидан мумкин аст? Барои аз
ин ҷумла чизи фаҳмидан онро ду-се бор гаштаву баргашта хондан лозим меояд. Барои ин ки маънои ҷумла

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор