Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
Дар айни замон дар забони халқ ва адабиёти классикӣ аксаран шахс, одам, кас аз паси худ сифати исмшаванда намегирад. Чунончи дар ин байти Мактабӣ:
Мангар ту, ки боқарор будам,
Он шахс наям, ки пор будам.
Ин тарз бидуни сифати исмшаванда омадани шахс, одам, кас ва монанди инҳо, ба назари мо, аз беҳтарин шаклҳои ифода мебошад. Лекин дар байти Мактабӣ ту аз ҷумлаи унсурҳоест, ки зикрашон шарт нест, ҳатто зикр намешуд, беҳтар буд.
2
Дар забони халқ ва адабиёти классикӣ шахс, одам, кас ва мисли инҳо пеш аз сифатҳои исмшаванда на ҳамеша, балки гоҳ-гоҳ ба чашм мерасад. Аммо дар бисёр навиштаҳои имрӯз акси ҳолро мебинем. Ҳоло дар навиштаҳои мо аксаран ин қоида риоя намешавад ва ин исмҳо бидуни зарурате бисёр истифода мегарданд.
Гап фақат дар ин нест, ки дар ин сурат ба сухан калимаи зиёдатие илова мешавад. Бадтар он аст, ки ин навъи подаркор бештар чун як навъи мавридношиносӣ намоён мегардад. Мо ба ин масъала ҷиддан диққат ҷалб кардан мехоҳем.
Инак, чанд мисол.
«Ӯ аз шунидани ин шеър мисли шахси моргазида дар худ печид».
Дар ин ҷумла на фақат ҳеҷ зарурате набуд, ки шахс зикр шавад, балки зикри онро нуқсон бояд донист. Зарбулмасали машҳуре ҳаст, ки мегӯянд: моргазида аз ресмони ало метарсад. Дар ин зарбулмасал моргазида бидуни шахс ё одам ва ё кас омадааст. Ҳангоми сохтани ҷумлаи боло аз ҳамин зарбулмасал намуна гирифтан лозим буд. Агар аз ин ҷумла шахс партофта мешуд, сухани муаллиф ба сухани содаи халқӣ наздиктар меомад, ҳоло аз он дур рафтааст.
Фаромӯш набояд кард, ки гоҳ шахс ба маънои зот, вуҷуд ва худ ҳам меояд ва мумкин аст, ки зикри он ба ҷумла яке аз ин маъниҳоро илова кунад ва ҳол он ки, масалан, дар ҷумлаи боло илова шудани чунин маъние матлуб нест. Дар ҷумлаи боло хавфе ҳаст, ки шахси моргазида ба маънои зоти моргазида ё худи моргазида

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё