Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
низ фаҳмида шавад. Барои ин ки чунин хавфе бартараф гардад, баъзан аз шахс худдорӣ кардан беҳтар аст.
Гоҳ на фақат бо сифати исмшаванда, балки бо исм низ чун муайяншаванда омадани одам, кас, шахс ба назар мерасад. Чунончи, як нависандаи муосири мо гуфтааст: «Ӯ одами мард аст». Имони мо комил аст, ки ин ҷо одам тамоман зиёдатист. Ибораҳое аз қабили одами мард, одами зан ё одами бача дар назари мо қабоҳат аст, ниҳояти суханносисист. Шояд мо хато кунем. Шояд дар баъзе мавридҳо одами мард ҳам баҷо афтад. Вале ин аз эҳтимол дур менамояд.
Акнун ин ҷумларо бинем:
«Ибни Сино ҳамчун як нафар шахси фидоии илм
тасвир шудааст».
Барои фаҳмидани айби ин ҷумла бояд ёдовар шавем, ки як маънои худи шахс нафар аст (ниг.: «Фарҳанги забони тоҷикӣ»). Пас як нафар шахс чӣ маънӣ хоҳад дошт? Ба назари мо, дар ин маврид маънӣ надорад, зеро ҳар ду як гап аст. Ин тарзи ифодаи фикр дар пеши аҳли сухан нишони табъи носалим аст. Барои ин ки сухан ранги дуруст гирад, ҷумларо, масалан, ин тавр сохтан даркор буд: «Ибни Сино як фидоии роҳи илм тасвир шудааст». Яъне дар мисоли боло на фақат шахс, балки ҳамчун ва нафар ҳам зарурати маҳсус надорад, пас зиёдатист. Аммо калимаи роҳ, ки фидой онро талаб мекунад, зикр нашудааст. Яъне он чи лозим аст, нест, аммо он чи даркор нест, ҳаст. Чунин суханро сухани асил набояд шуморид. Сухани асил он аст, ки ягон унсури зиёдатӣ надошта, ҳама унсурҳои даркориро дар бар гирифта бошад.
Метавон гуфт, ки дар ин ҷумла ҳам одамон зиёдатист:
«Ӯ аз байни ду қатор одамони нишаста бардам қадам гузошта пеш мерафт».
Ин ҷо фақат бо партофтани одамон кор буд намешавад. Беҳтар он буд, ки одамон фурӯгузор гардад ва нишаста ба шакли ҷамъ оварда шавад: ду қатор нишастагон. Он гоҳ, ба ақидаи мо, сухан шакли рехта мегирифт.
Дар ҷумлаҳои поин ҳам зикри шахс, одам ва кас зарур набуд:
Сурудҳои халқи Восеъро чун шахси хирадманду

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё