Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

«Принсипи асосии эстетикаи марксисти-ленини санъатро на танҳо ҳамчун як воситаи дарки бадеӣ, балки ҳамчун воситаи асосии таъсири фаъол мешуморад».

Аз ин ҷумла ҳам агар ҳар ду ҳамчун фуругузор шавад, боз маъно ҳамон хоҳад буд, ки ҳаст. Аммо дар ҷумлаи зерин матлабро тамоман ба тарзи дигар ба қалам овардан лозим буд:

«Танқиди адабӣ на ҳамчун як намуди илм дар бораи адабиёт, балки ҳамчун яке аз намудҳои эҷодиёти бадеӣ ҳисобида шудааст».

Муаллиф ин ҷумларо ҳарф ба ҳарф аз русӣ тарҷума намудааст. Агар онро ба тоҷикӣ гардонем, лоақал чунин шакл мегирад:

«Танқиди адабӣ на танҳо як шоҳасари илми адабиётшиносӣ, балки як навъи эҷодиёти (ё эҷоди) бадеӣ ҳисобида шудааст».

Аз ин ҷо равшан мегардад, ки истифодаи нодаркори чун ва ҳамчун аксаран натиҷаи тақлиди маҳз ба қолиби русӣ мебошад. Ҳар гоҳ ки ба русӣ как меояд, баъзе рафиқон ба тоҷикӣ низ чун ва ҳамчун-ро ба кор мебаранд. Ва ҳол он ки ба тоҷикӣ дар бисёр мавридҳо аз он худдорӣ кардан лозим аст. Аз ҷумла феълҳои шумурдан, ҳисобидан, донистан ва ғайра, ки дар мисолҳои боло омадаанд, ба тоҷикӣ чун ва ҳамчунро бевосита талаб намекунанд. Чун ва ҳамчун ба тоҷикӣ адоти ташбеҳ аст ва ҳангоме ки чизеро ба чизе монанд кардан даркор аст, ба кор меравад. Маънои чун ва ҳамчун дар ин мавридҳо ба монандӣ..., ба мисли... мебошад: Ӯ чун булбул мехонд, яъне монандӣ булбул мехонд. Ё ки: Ӯ барои ман ҳамчун падар буд — ӯ барои ман монандӣ падар буд.

Вежагии тоҷикии истифодаи чун ва ҳамчун аз ин байти Шоҳин намоён аст:

Ман туро мардумаки дидаи худ медонам,
Ту маро ҳамчу сиришк аз назар андохтаӣ.

Дар мисраи якуми ин байт, ки бо феъли «донистан» (ба шумори овардан) омадааст, чун ё ҳамчун нест, зеро феъли «донистан» ба маънои ба шумори овардан чун, ҳамчун, монандӣ...ро талаб надорад, дар мисраи дувум пайдо шудани ҳамчу ба он сабаб аст, ки ташбеҳ сохтааст: ҳамчу сиришк — монандӣ ашк. Он қоида, ки дар боло гуфтем: феълҳои шумурдан, ба шумор овардан,

пешина
аз 393
навбатӣ