Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

ҳисобидан, ба ҳисоб овардан (гирифтан), донистан (ба маънои ба шумори овардан) чун, ҳамчун, монандӣ...
ро талаб намекунанд ва чуну ҳамчун фақат адоти ташбеҳ аст, аз ин байти Шоҳин нағз ба намоиш омадааст.
Дар «Фарҳанги форсӣ ба русӣ» чунин ҷумлаҳоро дидем: «Шуморо дӯсти худ мешуморам», «Ӯро одам намешуморанд». Ошкор аст, ки ба форсии Эрон низ қоида ҳамон аст, ки ба тоҷикӣ дидем.
Барои он ки масъала равшан шавад, ин ду ҷумларо бо ҳам муқоиса мекунем:

Ман ӯро оқил медонам.
Ман ӯро ҳамчун оқил медонам.

Ин ду ҷумларо ҳамзамонони мо дар Тоҷикистон аз рӯйи қоидаи русӣ ҳаммаъно меҳисобанд. Ва ҳол он ки маънои ин ду ҷумла аз ҳам хеле фарқ дорад. Маънои ҷумлаи якум ин аст, ки ман ӯро доно меҳисобам. Маънои ҷумлаи дувум ин аст: ман ба сифати як одами оқил ӯро мешиносам. Яъне ман худ оқил ҳастам ва ба ин сабаб ӯро мешиносам. Яъне ҷумлаи дувум бемаънӣ ё бадмаънӣ ва қабоҳат дорад. Инро қаламкашҳои имрӯз бояд ба ёд дошта бошанд. Ва фаромӯш накунанд, ки ҷумлаи русӣ: Я его знаю как умного человека бояд ин тавр тарҷума шавад: Ман ӯро одами оқил медонам. Ва ин ҷо ҳаргиз мавриди ҳамчун (ба ҷойи как) нест.

Аз ин рӯ, чун ва ҳамчун гоҳ ба маънои ба сифати...
омада, ки низ ба маънои ба монандӣ... ба мисли... хеле наздик аст. Чунончи дар ин ҷумла:
«Онҳо ҳамчун қаҳрамонон кор мекарданд».
Ин ҷо ҳамчун вазифаи муҳим дорад: барои равшан шудани чигунагии кори «онҳо» ёрдамдӣ мекунад, моҳияти кори «онҳо» ва қаҳрамононро ифода менамояд.
Дар ин ҳолат ба ҷойи ҳамчун ба сифати... гуфтан мумкин аст. Чунин имкони табдил нишонаи он аст, ки ҳамчун дар ҷойи худ омадааст. Имкони чунин табдил дар ҷумлаҳои поин ҳам ҳаст:
«Восеъ ҳамчун хомии халқ шӯришгаронро бо далерии худ рӯҳбаланд мекард».
«Ӯ ҳамчун ҳаётдӯсте дар асар мавқеи махсус ишғол намудааст».
«Вай чун инсони асри XX барои тақдири инсоният худро масъул медонад».

пешина
аз 393
навбатӣ