Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хонданДар ҳамаи чунин мавридҳо чун ва ҳамчун зиёдатӣ нест ва чун як унсури зарурии ифодаи фикр хизмат мекунад. Дар айни ҳол дар чунин мавридҳо вазифаи чун ва ҳамчун ба русӣ ба вазифаи как мувофиқ меояд ва муодили он аст.
«БА ҚАЛАМ ДОДАН»
Феъли ба қалам додан дар асл ба маънои ба рӯйи коғаз овардан, навиштан, баён кардан меояд ва ба ин маънӣ дар навиштаҳои имрӯзӣ бисёр дучор мешавад.
Ба ин муносибат диққати аҳли қаламро ба се масъала ҷалб кардан мехоҳем.
- Ба қалам додан одатан на фақат ба маънои навиштан ва баёни хаттӣ, балки ба маънои тавсифу муаррифии (характеристикаи) даҳанакӣ низ меояд. Чунончи Раҳим Ҳошим гуфтааст: «Амир Темур худро мусулмони мӯъмин ба қалам медод». Равшан аст, ки ин ҷо навиштае дар назар нест, балки ба қалам додан ба маънои вонамудан, вонамуд кардан ба кор рафтааст ва сухан комилан тобиши манфӣ дорад. Ин нуктаро бояд ҳамеша дар назар дошта бошем: ба қалам додан на танҳо маънои мусбат дорад, балки тобиши манфӣ ҳам метавонад дошта бошад. Аз ин рӯ, ба қалам додан дар «Луғати форсӣ-русӣ»-и М. А. Ғаффоров чунин эзоҳ шудааст: ба қалам додан—давать (дать) о кем-либо представление (одобрительное или неодобрительное). Чунонки мебинем, ба қалам додан на фақат навиштан аст, балки дар бораи касе тасаввуре ба вуҷуд овардан ва гоҳ ҳатто тасаввури нодуруст ба вуҷуд овардан мебошад. Дар мавриди охир маънои он аксаран вонамуд кардан аст, яъне чунон нишон додан аст, ки дар асл чунин нест. Чунин маъно аз ин ҷумлаи С. Улуғзода ба хубӣ намоён аст:
«Мирзо Акрами мирохӯр Восеъ ва ёрони ӯро «як мушт дуздон, фитнаангезон, иғвопешагон» ба қалам дод».
Дар тамоми романи С. Улуғзода «Восеъ» ба қалам додан бо чунин тобиши манфӣ ба маънои вонамуд кардан ба назар расид. Ин маъниро аз ҷумлаҳои зерини Р. Ҳодизода ҳам ба муоина мебинем:
«Онҳо ҳар зулму ситам ва беадолатиҳои иҷтимоиро хости Худо ба қалам медоданд».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё