Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа
азимҷуссаи низомипӯш бо ҳайрат менигаристанд. Холаи Марворид аз ҳама охир пайдо шуд.
– Занат ду ҳафта пеш бегоҳӣ бо марди ношинос тарафи Қӯргонтеппа рафт. Ӯро аз дур дидам. Фурсати пурсидан нашуд. Чунон шитоб доштанд, ки гӯё ҳодисае рӯй дода бошад.
Довуд хомӯшона тоб хӯрд. Калавида – калавида аз байни сафи занон гузашта, ба кӯча баромад. Роҳ мерафту ба худ савол медод. Чӣ қисмати шуме? Чӣ тақдири нофарҷоме? Душмани навбатиям кӣ бошад? Кист, ки ба бахти ман даст дароз кардааст? Ё Офтоб аз муддати зиёд хабар надоданам гумон кардааст, ки ман мурдаму аз қафои марди дигар рафтааст? Пас, савганди ёдкардааш чӣ мешавад? Не, не! Офтоб ба чунин кор ҳаргиз даст намезанад. Ин ҷо сирре ҳаст...
Аввалин шуда холаи Марворид ба худ омад.
– Ҳой, як дам ист! Ба ту саволе дорам. Шояд дар ҷанг шавҳари маро дида бошӣ?
Довуд истод. Ба қафо тоб хӯрд. Нигоҳаш беҳис. Занон якбора ба ғалоғула даромаданд. Зани аз ҳама пеш истода имдодталабона ду даст сӯйи мард дароз кард.
– Шӯйи мара дидагистӣ? Ранги худат қоматбаланд буд.
– Шавҳари ман куҷост? – зани дуюм пеш баромад. – Аз рӯзи якуми ҷанг аз ӯ на хат ҳасту на хабар.
Зани сеюм даҳон кушоданӣ буд, ки Довуд даст бардошт. Занон дам ба дарун гирифтанд.
– Дар ин ҷанг саг соҳибашро намеёфт.
Довуд рӯй тофту бо қадамҳои тез аз онҳо дур шуд. Ҳамсояҳо то дар хамгашти кӯча аз назар пинҳон шудани

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё