Зеҳн
Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҷанговароваз қафояш нигариста, баъд ҳар кадоме бо дарду алеми худ ба кулбаҳояшон равон шуданд.

Қатора наздики бегоҳ дар истгоҳи шаҳри Бойсун дуди ғафсу ғализашро ба атроф паҳн карда истод. Довуд аз вагон баромада, ба осмон нигарист. Офтоб ноаён ба зери абрҳои тилогун медаромад. Шаб фаро мерасид. Шаби хуши тирамоҳ буд. Довуд дар кӯчаҳои шаҳр қадам зада, ягон ҷонзотеро надид, ки аз ҳавои салқини руҳбахш кайфияте барад. Дар назди дарвозаи бозор на бекоргарде буду на посдоре. Гӯё ба осиёби беодам медаромада бошӣ. Дар кӯчаи калон саги хароб ҳарисона пораустухонеро мехоид. Марди роҳравро дида, мӯйи гардан сих занонда, ризқашро ба даҳон гирифта гурехт. Хонаҳо бо чашмҳои пӯшида, бо чеҳраҳои фурӯрафта ӯро пешвоз гирифтанд.

Довудро як фикр азоб медод. Дар ин шаби тира ба куҷо равад? На шиносе дораду на ёрӯ рафиқ. Ногоҳ ба хотираш ҳамхизматаш Улуғбек расид. Ҳамсилоҳон гуфта буданд, ки пас аз рухсатӣ аз госпитал баромадааст. Ҳоло аҳволаш чӣ хел бошад?

Улуғбек дар рӯ ба рӯяш Довуди қавипайкарро бо абрӯвони гиреххӯрда дида, чашмони хоболудашро молид.

— Хобам ё бедор? Наход, ин туӣ? Аз он дунё баргаштӣ чӣ бало? — Улуғбек аз дасти Довуд гирифта, ба ҳавлӣ даровард.

— Дар таги хоктӯда баъди се рӯз ба ҳуш омадам, — ба
шарҳи ҳол гузашт Довуд. — Хайрият, ки хок хушку сабук
буда, ҳаворо мегузаронидааст. Вагарна дамгир шуда
мемурдам. Бо азоб аз таги хок баромадам. Ҳамсилоҳон зуд
маро ба госпитал фиристониданд. Аз зарби тарқиш гӯшам

пешина
аз 164
навбатӣ