Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа
ногоҳ баъ – баи баланду хузнангези гӯсфанд низ шунида мешавад.
Довуд аз пушти буттаи явшон ба кутани Партов назар кард. Суроби ду хайма дар торикии шаб ду кӯҳони уштурро мемонд. Ӯ хӯрчинро аз китф ба замин гузошта, қоматашро рост кард. Сагони чӯпонӣ суроби дар пушти тал пайдошударо дида, аккосзанон ба сӯяш давиданд. Довуд чобукона аз як гӯшаи хӯрчин модасагро бардошта, дар танаи дӯлона баст. Ҷонвар аз тарс ба виззос задан даромад. Аз гӯшаи дигари хӯрчин пораҳои гӯштро бароварда, ба пеши ҳайвон ҳаво дод. Селаи сагон бо хашму ғазаб наздик шуда, бӯйи гӯшту модасагро ҳис карда, аз чақидан монданд. Лаҳзае пас ҷонварон ба пораҳои гӯшт часпиданд. Саги калон бари модасаг рост шуд. Довуд шитобон нишебии талро пушти сар карда, бе овоз дари кутанро кушод. Ҳамин ки як гӯсфанд аз забҷой берун гашт, селаи гӯсфандон ҳамдигарро зер карда, сӯйи чаргоҳ давиданд. Ӯ бо шаст рамаро сӯйи офтоббаро пеш ронд...
Субҳ дамид. Партов аз хайма баромада, ҳамёза кашид. Вай, ки одами чарбубастае буд, чеҳрааш варамида, аз болои чашмон болиштакҳои сергӯшт дошт, бо башараи норозиёнааш ба атроф назар кард. Дари кутанро кушода диду давида ба он даромад. Рамаро наёфта, тарсу ғазаб дар чашмони хоболуду зери миҷгонҳои кӯтоҳаш намудор гашта, бехудона дод зад:
– Карим! Ҷаъфар! Бар падаратон лаънат! Хезед! Дари кутан кушода. Сагҳо ба куҷое ғайб задаанд. Гӯсфандон ку? Рама нест. Аспҳоро зин занед! Мутаҳамҳо! Ба чор тараф асп давонед! Кобед! Агар як гӯсфанд нобуд шавад, очаи зоратонро нишон медиҳам!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё