Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа
-
Номаш? - Улуғбек як қад парид. - Мани аблаҳ номашро напурсида ҷойи зисти шуморо гуфта нишон додам.
-
Тамоми суҳбатро ба тафсил ба хотир биёр, - Довуд аз банди дасти бародархондаш маҳкам дошт.
-
Ба водии Вахш бузу гӯспанд мебурдааст, - Улуғбек бо азоб ҳамин пораи суҳбатро ба ёд овард. - Нархи мол дар он ҷо гарон мегуфт...
-
Партов! - дандонҳояшро гичирос занонд Довуд.
-
Магар ҳамсаратон бо Партов муносибате дорад? - дар ҳайрат монд Улуғбек.
-
Ана, ҳаминро бояд равшан созам, - Довуд як ба фикр рафту баъд шитобон аз дар баромад.
-
Ақаллан каме истироҳат кунед, - гуфт соҳиби манзил. - Аз роҳ монда шуда омадед.
-
Вақте ки ҳаёти маҳбубаам дар хатар аст, - шӯрид Довуд, - оё ман метавонам осуда нишинам? Бигӯ, ки кутани Партовро чӣ тавр пайдо кунам?
Улуғбек лаҳзае ба фикр рафт. Баъд чизе ба хотираш расид, ки хурсандона аз дасти бародархондаш гирифт.
- Омадани маро интизор шав...
Гумбади бошукӯҳи осмон болои қатортеппаҳои деҳи Пасурхӣ ҷанбар задааст. Абрҳои пасти хокистаранг овезон меистанд. Боди намноки хастаҳол чун мурғи бузурги пару болҳояш тар гардиш мекард. Дар торикии рутубатнок буттаҳои алаф, дарахтони пистаю дӯлона оҳиста алвонҷ мехӯданд.
Ниҳоят оромию осоиш дар фазои кутан ҳукмфармо гашт. Танҳо ҳар гоҳе овози канда-кандаи барраҳои ширмасти хоболуд ба гӯш мерасад. Миёни ин овозҳо гоҳу

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё