Зеҳн
Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

осонакак соҳиби ганҷ шаванд. Магар бе ранҷ ганҷ муяссар мегардад? Не! Суботкорӣ ва боз суботкорӣ. Беҳуда бузургон нагуфтаанд: «Сабр кунӣ аз ғӯрра ҳалво мепазад».

Нимгурмаю нимшунаво роҳбарро бовар кунондам, ки аз маслиҳаташ рӯӣ наметобам.

— Ҳуҷҷатҳоро ҷамъ карда, бегоҳӣ бо мошин ба ҷои кор равед. Шуморо Сотиболдиев пешвоз гирифта, вазифаатонро мефаҳмонад. Ҳамон кас мувофиқи фармони рақами 13 роҳбари кори илмиатон мебошад.

Рақами фармонро дар хотир нигоҳ доштани роҳбар маро дар тааҷҷуб гузошт. Он вақт намедонистам, ки корхона соле танҳо як фармон мебаровардасту халос.

— Ҷойи коратон майдони пахтазор, — бо абрӯвони гиреҳбаста маро пешвоз гирифт Сотиболдиев, ки марди харобу дароз ва касалнамо буд. Ӯ гумон дошт, ки пас аз як моҳ ман низ чун дигарон аз ин дӯзах, аз рӯи гуфти Чорӣ — бобо, мегурезам. — Ҷойи тадқиқот -- лаборатория.

— Вазифа чӣ?

— Вазифа? Вазифа — инкишофи ҳашарот.

Ман бо ҳайрат ба роҳбари илмӣ нигаристам.

— Ҳамин хел супориш гирифтем. Аз боло! Аҳли ҷомеа солҳои охир норозӣ гӣ баён намуда истодаанд.

— Дар чӣ бора?

— Барои аз ҳаво ба воситаи ҳавопаймо ва дар замин аз ҷониби механизаторон пошидани доруҳои заҳрнок ва гузаронидани маъракаи баргрезонӣ. Дар байни аҳолӣ касалиҳои сирояткунанда афзоиш ёфтааст. Мо бояд бо дасти худи табиат ин вазифаро иҷро кунем.

— Кадом вазифаро?

пешина
аз 164
навбатӣ