Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа
— Нест кардани ҳашароти зараррасони пахтаро ба восираи кофтан, ёфтан, парвариш, афзоиш ва паҳн намудани ҳашароти дигар. Қонунҳои фалсафаро хондагистӣ?
— Кадомашро?
— Қонуни мубориза бо ҳамзидҳоро. Ҳашарот муқобили ҳашарот. Табиат бо дасти худаш ин масъаларо бояд ҳал намояд. Мо бошад, ин ҷараён, ин раванд ва ин тамоилро ба кӯчаи илм мегузаронем. Он гоҳ ҳам лаъл ба даст меояду ҳам ёр намеранҷад. Ҳам пахта мегирему ҳам аҳолӣ заҳролуд намешавад.
— Ӯҳдадориҳои ман аз чӣ иборатанд?
Чеҳраи роҳбар ба якборагӣ ғамгин гашт. То ҳанӯз аз асли мақсад огоҳ нашудани ман ӯро ҳиҷил гардонд. Аз байни дандонҳои качу килебу аз истеъмоли зиёди нос зардшуда ин калимаҳо бо азоб баромаданд.
— Ёфтан, парвариш, афзоиш ва паҳн кардани ҳашарот.
— Бо кадом роҳ?
— Ҷустуҷӯ, — қариб дод зад Сотиболдиев. — Ҳар рӯз се маротиба пагоҳӣ, чошт ва бегоҳӣ қитъаро давр зада, ҳарорати ҳаво, намнокии замин, қади ниҳолҳоро чен карда, баргу шонаҳо ва гулу кӯракҳоро мешуморед.
— Ин ба ёфтан, парвариш, афзоиш ва паҳн кардани ҳашарот чӣ дахл дорад?
— Каллаварам! — тоқати роҳбар тоқ шуд. — Вақте ки қитъаро се маротиба чарх занед, албатта бо кирми ҳашарот дучор мешавед. Онро ҷамъ карда, дар лаборатория парвариш мекунед. Ҳамаи қайдҳоятонро дар ин дафтар ҷой медиҳед.
Роҳбар китоби калони хоҷагиро ба сӯям ҳаво дод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё