Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа
рафт, нашид. Худо, ки фарзанд намедодай, сарта дар санг мезадай, намедодайта.
— Ҳама чиз бо амри Парвардигор, — тасдиқ кард Чаман.
— Ҳова, — холаи Мошариф бо аломати ғамхорӣ сар ҷунбонд. — Ма ҳам ҳамита мегум. И худоира буғӯ, и садақа додана буғу, ҳисоб надора. Ҳар ҳафта нун када, мӯйсафедора фарёд мекуна. Намедонум ягон кас заҳдонша бастай чӣ бало.
Пас аз лаҳзае ҳар ду зан ба ҳавлии мо даромаданд. Вақти аз назди шиги ҳота мегузаштанд, Чаман номаълум чизеро ба тарафи чаптара ҳаво дод. Модарам дар ошхона бо пухту паз овора буд. Чӯгизани холдор баробари модарамро дидан бо овози баланд сар кард.
— Оҳ, дугонаҷоне! Худат Офтобию дилат Маҳтоб. Биё дар пешам нишин. Як фолат бинам, ай кундаи чолат бинам. Кайҳост, ки дар хонаат мурғи сиёҳ пар — пар зада истодааст. Давида як хурӯси сурхро дошта биёр. Тую Чақала аз ин бало раҳонам.
Модарам шах шуда монд. Вай дар ҳайрат буд, ки чӯгӣ аз куҷо номи ваю шавҳарашро медонад. Нобоварона ба сӯи меҳмонони нохонда ду — се қадам гузошт. Фолбин таъсири суханашро ҳис карда, бе ибо ба ҳуҷум гузашт.
— Шавҳарат ба сию панҷ даромада, худат имсол бисту шашро пур кардӣ. Як писар дорӣ. Солҳои зиёде дар орзуи фарзанд сӯхта истодай. Чанд сол шуд, ки бача мепартой. Бало дар ҳамин хона гаштаасту ту ба ким — кадом зиёратгоҳҳо рафтаӣ. Туро ҷоду кардаанд, ҷоду.
Дар ин ҷои сухан чашмони фолбин аз косахонаи сараш баромад. Дастонашро ба осмон бардошта, садоҳои ваҳмангез бароварда, худро болои суфа партофт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё