Зеҳн
Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Хайр кунед! Ба ҳаққи арвоҳ, хайр кунед! Садақа ради бало. Худо умри фарзандонатонро дароз кунад. Аз ҳама балоҳо раҳо ёбед. Балогардонатон шавам. Ҳазрати Баҳоваддини балогардон мададгоратон бошад.

Соҳибони хона ба дасти ҷӯгизанон нону чой, меваю сабзавот қапониданд. Гоҳҳо пулу баъзан молу матоъ ба борхалтаяки бе таги онҳо даромада мерафт.

Ҷӯгизанон дар хонаи ҳамсоя нишаста, кӯфтагии роҳро баровардаӣ шуданд. Ҷӯгизане, ки дар байни абрӯвонаш холи сиёҳу кабудҷаранги сунъӣ дошт, аз холаи Мошариф пурсид:

— Ин хонаи охирин?

— Не — йе. Бо я ҳавлии дига ҳастай. Хонаи бургати Чақал. Зануш Афтоббӣ ҳамичадай. Бечора ай ғами фарзанда азоб мекаша. Чанд солай, ки кӯдак намеёва. Кӯдакош наместа. Ду — се моҳа мешаваю ай қадуш мепартоя. Зиндагиш талхай. Набоша ҳама чиз дорану бахт надоран.

Чаман, ҷӯгизани холдор бо диққат гӯш мекард ва ноаён ба дугонааш чашмакӣ зад.

— Эҳ, бечорае. Синну солашон ҳам ба ҷое расидагист.

— Не — йе. Ҳоло ҷавонан. Акаи Чақал ҳамгӯли маҳай. Агар худо дурӯғгум накуна, ҳами сол ба сиву панҷ қадам монд. Афтоббӣ боша, ай мада ёшай. Солуш хугай. Ҳова солуш хугай. Бисту шаша пур кард. Чақали ҷигарсӯхта чан бор гуфт, ки ай сагирахона я духтарча гиран, леки зануш гардан нафаровард. Поҳоша дар я мӯза андохта, розӣ нашид. Мега, ки ҳоли ёшум, я илоҷ када мезом. Бечора занак паноҳӣ ай шуш куҷоҳое, ки нарафт. Муллогию табибӣ кад, нашид. Пеши мазоро зиёрат рафт, нашид. И чилёсину афсунхониш беҳисобай. Порина ба зиёрати ҳазрати Бурк

пешина
аз 164
навбатӣ