Зеҳн
Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

Чаман ангушти ишораташро ба хуни гарми хурус тар карда, ба пешонаю ду бари рухсораи модарам солид. Пиёларо аз орд пур карда, дар нуги чӯб пахта печонида ба равған тар кард. Онро оташ зада, каме гирди хона чарх занонда, ба ҷониби шиг давид ва модарамро кашолакунон аз қафояш бурд. Аз таги чаптара туморро бардошта, ба ҷойи худ баргашт.

Ҳамаи ҳаракатҳои фолбин барои модарам сеҳрноку асрорангез буданд. Дар дасти чӯгизан туморро дидан замон ранги рӯи модарам парид. Ба дурустии суханони фолбин ба тамоМ бовар карда, ҳар як хоҳишу талабашро бечуну чаро иҷро мекард.

— Ана, дидӣ, дугонаҷон! Рӯзи чоршанбе гӯям — мӣ, рӯзи панҷшанбе гӯям — мӣ, ҳамин туморро як душманат дар маҳсум куфу суф карда, ба ҳавлиат оварда партофтааст. Қайчӣ даркор!

Чаман туморро бурида, аз дохили он сӯзан ва пораи коғази чойро, ки ҳарфҳои качу килеб дошт, баровард. Коғазпораро сӯзонда, хокистарашро ба тарафи ҳавлии ҳамсоя пошид. Сӯзанро шикаста, як пораашро ба тарафи офтобшин партофту пораи дигарашро ба ҷониби офтоббаро. Баъд амр кард.

— Як панҷа хокистари тоза биёр!

Модарам ба сӯи танӯр давид. Ба косае хокистарро бардошта овард. Чӯгизан чанг зад косаро гирифт. Панҷаашро аз хокистари сиёҳ пур карда, ба он каме намак ҳамроҳ намуду лабони ғафсашро ҷунбонда, чизе хонд. Дасташро боло бардошта, аз сару китфи модарам хокистар рехт. Боқимондаашро бо латтапорае печонида, ба дасти модарам қапонд.

пешина
аз 164
навбатӣ