Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа
— Шаб дар таги ҷоғаҳи шавҳарат пошида мон. Тарзе ба иҷро расон, ки пай набарад.
Баъд «уф» гӯён ба ҷояш нишаста, сару рӯи арақшорашро бо нӯги рӯймол пок намуд.
— Ана, дугонаҷон, тилисмро кушода, ҷодуятро нобуд кардам. Худо хоҳад пас аз нуҳ моҳу нуҳ рӯзу нуҳ соату нуҳ сония соҳиби як духтарчаи заркокул мешавӣ. Тӯй дода, қӯшкори думбакалонатро кушта, маро ба зиёфат чег мезанӣ ва як сару пои калон мекунӣ. Акнун, дугонаҷон, ҳаққи хизматамро барор.
Ҳамаи чизҳои овардаи модарам ба як тарзи ҳайратовар ба борхалтай бетаги онҳо фурӯ мерафт. Мо намедонистем, ки чӣ тавр хурӯси сурхи сарбурида, орду биринҷу пиёлау пахта, равгану намак дар як мижа задан ба дохили халта нопадид мегаштанд. Пас аз он ки модарам ба фолбин боз чӣ қадар чизҳои дигар ва як миқдор пул дод, онҳо шитобон аз ҷойҳои худ хеста, ҳамон замон ғайб заданд ва дар ҳавлии мо, ки як лаҳза пеш пур аз маҳшаре буд, ба якборагӣ оромӣ ҳукмрон гашт. Модарам аз беҳолӣ дар лаби кат нишаст.
Ин дам падарам ба ҳавлӣ даромада, афту андоми занашро дида ба завқ хандид.
— Чӣ ҳодиса рӯй дод?
— Чӯгӣ фол кушод. Ҳамаш рост баромад. Ҷодуро ёфта, тилисмро кушод.
— Ту бигӯй, ки чӣ қадар молу пулата ба фиреб бурд?
— Гӯр бар сари чизу чора, — қоматашро рост кард модарам. — Ба ман фарзанд лозим.
— Чандин маротиба ба ту гуфтам, ки заҳҷоната хунук задаст, — ба ҷаҳл омад падарам. — Ба ту фолбинию ҷодгарӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё