Зеҳн
Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

— Пас, барои чӣ омадед?
— Овозаҳо... аз як тараф. Аз тарафи дигар, қариб ҳар рӯз ҳавлии шумо омаданиодамонро мебинам.
— Қарор додед, ки маро санҷед?
Чӣ гуфтанамро надонистам. Аз дил гузаронидам: агар суханашро тасдиқ кунам, мумкин хафа шавад. Агар дурӯғ гӯям виҷдонам қабул намекард.
Духтар чашм аз рӯи ман намеканд. Ҳолати маро сарфаҳм рафт магар, ки оромона сар кард.
— Шумо, Мардон валади Чақал, бисту панҷ сола, факултаи агрономии Донишгоҳи кишоварзиро ҳамин сол хатм кардед, муҷаррад...
Даҳонам худ аз худ кушода шуд. Чашмонам аз ҳайрат чашмони аспи бобои Чориро мемонд. Вале фолбинии чӯгизан Чаман ба хотирам омад.
— Ин ҳеҷ мумкин нест. Ин маълумотҳоро бо ягон восита ба даст овардед.
Духтар табассуми тамасхӯромез кард. Абрӯвони сиёҳи ғафсаш гиреҳ бастанд.
— Падарат соли 1977 дар синни панҷоҳу ҳафтсолагӣ аз касалии зиққи нафас аз олам гузаштааст. Як хоҳару ду додар доред. Модарат Офтоббӣ айни ҳол чилу ҳаштсола...
Гуфтаҳои чӯгидухтар ҳақиқат буд. Лекин шубҳаро аз дил бароварда наметавонистам. Ба худ меандешидам, ки фолбин макру ҳилае ба кор бурда, маро фиреб доданист. Андешаҳои ман ба чӯгидухтар аён гашт ва ӯ сабук аз ҷой хеста, ба хонаи дарун даромад. Кокулҳои сиёҳи лахчамонанди дубофташ ҳангоми роҳгардӣ ду мори овезонро мемонданд. Чӯгӣ табақи калонеро оварда, назди

пешина
аз 164
навбатӣ