Зеҳн
Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

ман гузошт. Лаби ҷойпӯшро бардошт. Чашмам ба хамир афтод. Фолбин ба он нигариста амр кард:
— Хез! Рафта каме сайру гашт кун!

Дар пеши назарам хамир ба ҷумбидан даромад. Ба гурбаи сафед табдил ёфта, аз табақ баромад. Ба ман чашмони аловмонандашро давонда «мияв» гуфту босалоботона ба берун равон шуд. Аз тарс мӯи баданам сих зад, воҳима пахш кард. Нигоҳи ҳаросони худро ба духтар равона кардам. Дар симои фолбин табассуми ноаёне нақш баст.

— Тарсидед?
— Ҳеҷ гумон надоштам. О, ин мӯъҷиза – ку? Медонам, ки амалҳои шумо бо ким – чӣ гуна ҷараёнҳои мавҷҳои бадани одам вобаста аст. Вале чунин сеҳрро чашмдор набудам.

— Акнун бовар кардед?
— Ман ба шумо қоил, — сидкан тан дода бошам ҳам, аммо дар кунҷи дилам ҳанӯз нобоварӣ хона дошт. — Гузаштаамро гуфтед. Ояндаамро донистан мехоҳам.

Чӯгидухтар сар ба зер гирифт. Лаҳзае ба фикр рафт. Мунтазири давоми фол шуда, нигоҳамро аз гӯшвораҳои қафасиаш, ки ҳангоми ҳаракат маҳин овоз мебароварданд, намекандам. Фолбин оҳиста хомӯширо шикаст. Дар чеҳрааш каме сафедӣ пайдо шуд.

— Медонед чӣ? Биёед, дар ин мавзӯъ гап назанем. Илтимос. Ягон вақти дигар. Охир шумо шитоб надоред. Дар қитъаи таҷрибавӣ кор мекунед. Кайе хоҳед, назди ман медароед. Вақти муносиб ояндаи шуморо гуфта медиҳам.

Маҷбур карданро ба худ раво надидам. Мо боз хеле аз ҳар хусус суҳбат кардем. Акнун аз ҷой хестанӣ будам, ки

пешина
аз 164
навбатӣ