Зеҳн
Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

агар бо ғазаб ба санг менигарист, он ду пора мегардид. Худи Ҳалим аз ин сеҳри бадани худ хабар надошт.

Ҳоло чунин одамон дар ҳаёт кам вомехӯранд. Зеро хуни одамон бисёр бо ҳам олуд гаштааст. Аз кӯдакӣ модарам тамоми маҳорат, дониш ва таҷрибаи худро ба ман омӯзонд.

Духтар каме сукут кард. Аз афташ, ба хотир овардани саргузашташ ба вай мушкил буд.

— Аз давраи пайдоиши ин ҳунар мардуми бесаводи кишварҳо ва пеш аз ҳама, кӯрдилон ба муқобили он ҷанги беамонро оғоз намуданд. Чӣ номҳое начаспонданд: ҷодугар, афсунгар, сеҳргар, албастӣ, фолбин ва ғайраҳо. Дар охир, онро хилофи шариат эълон карданд.

Намояндаҳои моро мекуштанд, месӯзонданд, ба дор мекашиданд, девона эълон мекарданд, аз ватан меронданд. Тамоми муборизаашон барои он равона карда шуда буд, ки мардум ҳеҷ гоҳ ба мо муроҷиат накунад. Вале мардум пинҳонӣ, бо тарсу ларз назди фолбин меомад, то аз тақдираш огоҳ гардад, рӯҳашро таскин диҳад, асабҳои харобшудаашро ором гардонад.

Мубориза асрҳои аср давом карда, бе натиҷа намонд. Шумораи фолбинон, ҷодугарон ва афсунгарони ҳақиқӣ торафт кам мешуд. Ва дар охир тамоман аз байн рафта истодааст. Саволе ба миён меояд. Чаро Синои бузург аз истифодаи таҷрибаҳои рӯҳиаш зуд даст кашид? Зеро медонист, ки ҷоҳилон дарҳол ӯро ба ҷодугарию афсунгарӣ бадному мекарданд ва оқибати чунин амал ба натиҷаи нек намеовард.

Офтоб кайҳо ғуруб карда буд. Суҳбаткунон ба берун баромадем. Ҳаво хеле салқин шуда, аз тарафи наҳрчаи

пешина
аз 164
навбатӣ