Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа
дигар пешпо хӯрда, ба замин меафтам. Хостам дар ҷоям истам. Вале қувваи ноаёне маро ба пеш тела медод.
Фолбин хандид. Ман ҳамон замон дар ҷоям шах шудам.
Гарданам ҳолати пештараро гирифт. Шитобон даст ба гарданам бурдам. Осори ҷароҳатро пайдо накарда, дилам таскин ёфт. Духтар ба ман наздик шуд.
— Гуфтед, ки наметарсам. Вале ба симои шумо нигоҳ карда намешуд. Боз мехоҳед, ки таҷрибаи дигаре гузаронам.
— Фақат ин гуна ваҳмангез не — дия, — овозам қадре ларзид.
— Не — не. Тамоман чизи дигар. Бозии шавқоваре нишон доданиам.
Тааҷҷубам афзуд. Ба ғайр аз ду пӯстак чизи дигаре дар дасташ набуд. Сӯяш ҳайрон нигаристам.
Ҷодугар ҳарду пӯстакро ба замин пеши пойи ман партофт. Дақиқаҳо нагузашта пӯстакҳо ба ҷунбиш даромада, муқобили ҳамдигар рост шуда, ба шоҳзанӣ даромаданд.
Ба ин муъҷиза ҳайратзада менигаристам. Чашмонамро сахт пӯшидам ва вақте ки дидагонамро боз кардам, пӯстакҳо ҳанӯз шоҳзаниашонро давом медоданд.
Духтар даст бардошта амр кард.
— Шуд! Бас кунед!
Пӯстакҳо ҳар кадом дар ҷойи худ дароз кашиданд.
Сухане намеёфтам, ки духтарро мадҳу сано гӯям. Аз як тараф — ин хеле асроромез, сеҳрнок ва муамморо монад, аз тарафи дигар — худи ҳозир, бе таъхир тоб хӯрда ба пуштам нигоҳ накарда аз ин ҷойи ваҳмангез гурехтаӣ будам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё