Зеҳн
Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Дар тааҷҷуб будам, ки чаро новобаста ба муносибати сард ва даст кашиданаш аз гардишҳои шабона, то ин ҷудой ба ҳиссиёти худ эътибор надодаам. Худамро маломат мекардам, ки чаро ба ҷӯгидухтар то ин муддат изҳори муҳаббат накардам. Ғурур!!! Бале, ин ғурури нозарур буд, ки ман худро аз вай боло меҳисобидам. То имрӯз ман худро аз табақаи дигар, аз тоифаи шоиста пиндошта, намехостам эҳсосоти дар қалбам ҷӯшидаро ба намояндаи қавми аз худ пасттар изҳор намоям. Гарчанде бо хубӣ дарк мекардам, ки Гулҳарам бо баъзе хислатҳояш аз ман як сару гардан боло меистад.

— Эҳ, ман чӣ хел бе аклу бе фаросат ва аҳмақ будаам! Агар ҳозир ҷӯгидухтар дар наздам мебуд, худро пеши пояш мепартофтам. Хоки пояшро сурмаи чашмонам мекардам. Аз ӯ барои ин гуноҳи азимам бахшиш мепурсидам.

Рӯзҳои хизмат якранг мегузашт. Қисми ҳарбии мо дар соҳили рӯдхонаи Ому ҷойгир шуда, мунтазири фармони аз сарҳад гузаштан буд. Сарбозон аз бекорӣ ба қартабозию майнӯшӣ машғул буданд. Танҳо ман дар регистони соҳили дарё қадам зада шеъри Рӯдакии бузургвор:

«Бӯи ҷӯйи Мулиён ояд ҳаме,
Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме» — ро месурудам.

Дар ин муддат ду маротиба қисми ҳарбии моро ба по хезонданд ва ду бор қисм озими сарҳади Афғонистон гардид. Ман аз Парвардигори ҳаждаҳ ҳазори олам зорию илтиҷо доштам, ки моро аз ҳам ҷудо накунад. Дар он сурат Зикир — ҷӯгӣ Гулҳарамро маҷбуран ба занӣ мегирад. Чӣ сабабҳое мешуду боз қисми ҳарбиро ба ҷойи пештарааш бар мегардонданд.

пешина
аз 164
навбатӣ