Зеҳн
Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Туро дӯст медорам. Ту аз манӣ ва ман бахти худро ба ҳеҷ кас доданиемстам.

Мо аз нав бо ҳам часпидем. Болои сар ситоразор, маҳз онҳо шоҳидони шаби висоли мо буданд. Ба ин манзараи табиат садои чирчиракҳо пайваста, ба он тобиши ҷозибанок медоданд. Мо рӯи замин ғел мезадем. Дар фосилаи байни бӯсаҳои ҷӯгидухтар ман низ орзуи дар дил парваридаамро канда – канда изҳор мекардам.

— Ман... ман... туро... низ... дӯст... медорам...
Инро... фақат... дар... вақти... ҷудоӣ... фаҳмидам...

— Чӣ хушбахтист, ки мо якҷояем, — гуфт духтар.

Он лаҳза сари ман аз ҳарорати сӯзони бадани духтар,
бӯсаҳои ширин ва бӯи мадҳушкунандаи фолбин чарх мезад.
Болинамон замин, курпаамон осмони нақшин буд.

Ва ин шаби мо ба афсонаи сеҳрангезе табдил ёфт.
Моҳи пурра ба шодии мо ҳамроҳ гашта, атрофро боз ҳам равшантар мекард. Боди серуни сабук рӯи тафсони моро меҳрубонона сила мезад, зулфони ҷодугарро маҳин титу парешон мекард...

Субҳ моро дар оғӯши ҳамдигар ёфт. Шабнами рӯҳбахш ба сару бадани мо донаҳои марворид рехта буд. Ба сӯи хона равон шудем. Гулҳарам сари зебояшро ба рӯи синаам гузошта қадам мезад.

— Ташрифи якуматро дар хотир дорӣ?

— Албатта. Ҳатто ба ман нигоҳ накардӣ, — он лаҳзаро ба ёд оварда, ба алам гузаштам. — Беэътиноёна рафта болои кӯрпача нишаста, ҳавобаландона муносибат намудӣ.

— Баръакс..., — духтар истод. — Бо як нигоҳ дар рӯят қисматамро хондам. Ва хостам... ва хостам аз он гурезам.
Барои ҳамин вақтҳои охир туро сарду бо дили нохоҳам

пешина
аз 164
навбатӣ