Зеҳн
Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

қабул мекардам. Вале ҳар бор ту бегоҳ пайдо шуда, бо исрор талаб мекардӣ, ки ояндаатро пешгӯӣ кунам.

— Ин хоҳиши ман ҳамин тавр иҷро нашуда монд..., — бо афсӯс гуфтам.

— Чунки он вақт намехостам.

— Акнун чӣ?

— Бо камоли майл мегӯям. Чунки ба қисматам тан додам. Таппишу беқавориҳои дилам орому таскин ёфт. Қисматамро назди эҳсосоти қалбам қурбон кардам. Акнун, гӯш бикун! Ва сухани маро набур. Ту... аслан одами бад нестӣ. Дар тамоми зиндагиат ба касе бадӣ нахоҳӣ кард. Накӯкорӣ. Лекин накӯкориат вобаста ба вазъият аст. Марғабаи баландро дар доштани хонаву молу хол ва зиндагии осудаҳолона мепиндорӣ. Аз пушти мансаб намедавӣ. Як бор зан мегирӣ. Бе кӯдак... ҳа — ҳа бе кӯдак мемонӣ. Ҳеҷ гоҳ хушбахт намешавӣ...

Бо шунидани ҷумлаи охирин худро гум карда, бехудона дод задам.

— Чӣ хел хушбахт намешавам? Чиҳо гуфта истодаӣ? Бо ту будан барои ман хушбахтӣ нест? Ё ишқи ту ба ман бадбахтӣ меоварад?

— Ана, ҳамаи гап дар ҳамин аст. То он вақте ки мо якҷояем хушбахт ҳастем.

— Фоли ту ба дили ман тарсу ҳарос ҷой кард, — бо дили пурваҳм суханамро давом додам. — Фоли нек магар кушодан мумкин нест?

— Ором шав, ҷонакам, — Гулҳарам дасти маро гирифта ба лабаш бурд... — Фолро ҳеҷ гоҳ дигар кардан мумкин нест. Вай қисмати гузаштаю тақдири ояндаи туст. Гуфтам — ку аз қисмат ҷои гурез нест.

пешина
аз 164
навбатӣ