Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа
Овози автомат сухани афсарро тасдиқ кард ва рӯи барф аз хун лолагун гашт...
Фозил таваккуф кард. Хост лаҳзае нафас рост кунад. Нигоҳи чашмони намнокаш аз равзанаи ҳуҷра ба дуриҳои дур равона шуда буд. Сукути дуру дароз ва риққатоваре доман густард.
Ин хомӯшӣ чанд муддат давом кард.
— — Моро ба шаҳри Познан оварданд, — ниҳоят худи Фозил оҳи чуқуре кашида, яхи сукутро шикасту ба нақлаш идома дод. — Издиҳоми бешумори асиронро дида, хуш аз сарам парид. Ман аз Гурез ҷудо намешудам. Маҳбусонро ба гурӯҳҳо ҷудо карданд, ба машқу тамрин гузаштем. Шаш моҳ тамрин намудем ва полки моро ба «камонаки Курск» партофтанд.
Дар муҳорибаи аввал барои ишғоли деҳаи Прохоровка дар назди поям гулӯлаи тӯп таркид ва ман дигар ҳеҷ чизро дар ёд надорам. Ба ҳуш омадаму худро дар беморхонаи саҳрӣ дидам. Тафсилоти ҳодисаро баъдтар Бердимуроди туркман бароям қисса кард. Аз дасти чапам, аз китф поёнтар, маҳрум шуда будам. Гурез маро сари шона гирифта аз байни хоку оташ берун мебарорад ва ҳангоми ба дасти ҳамшираҳои шафқат супоридан ба пушташ тир мерасаду ҳамон ҷо ҳалок мегардад.
Меҳмон боз хомӯш монд. Сафару Абдулҳамид мефаҳмиданд, ба хотир овардани лаҳзаи ҳалокати дӯсти ҳамяроқаш ба ӯ осон набуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё