Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа
— Табобат тӯл кашид. Дар госпитала ҳамшираи тиббӣ Маргарита ба ман меҳрубонию дилсӯзӣ мекард. Дар ин муддат бо ёрии ӯ андаке ба забони немисӣ ҳарф заданро омӯхтам. Боре ҳангоме, ки дар палата танҳо будам аз ман пурсид:
— Марворид кист? Вақти ҳазён гуфтан ин номро бисёр ба забон меовардӣ. Маъшуқа ё ҳамсарат?
— Маҳбубаам, — каме шармидаю сурхшуда посух додам.
— Ту орзуи ба ватан баргаштанро аз сар бадар кун, — ба насиҳат гузашт духтар.
— Чаро? — ҳайрон савол додам.
— Мегӯянд, Сталин фармон баровардааст, ки баъд аз озод шудан ҳамаи асиронро барои хиёнат ба Ватан ба Сибир бадарға кунанд.
— Бигзор бадарға кунанд, — ҷавоб додам ман. Ягона орзуи ман дидани падару Марворид буд. Хоки ватанамро дар дидаҳоям молиданӣ будам. — Якумрӣ ба Сибир намефиристонанд-ку. Ба ҳар ҳол, пас аз табъид боз ба зодгоҳам меравам.
— Ба доғи хоинӣ чӣ ҷавоб медиҳӣ? — Маргарита дигар мақсад дошт. — О, ақлат намегирад, ки аз хурд то калон туро бо ангушт нишон дода, бо нафрат хоинат ном мебаранд.
— Бигзор таъна зананд, ба рӯям туф кунанд, ман дар мулки худам зиндагонӣ кардан мехоҳам.
— Ман чӣ? — чашмони Маргарита пури об шуданд. — Ман чӣ кор кунам?
Ҳайрон ба симои зебояш нигаристам. Акнун ҳарфи дили духтарро фаҳмидам. Дар ҳолати ногувор мондам. Ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё