Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа
— Чаро?
— Ҷӯгӣ дар вақташ номи пайғамбарамон ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳи аллайҳи вассаломро дар қоғаз навишта дар зери патаки кафшаш пинҳон карда, бо ин кирдораш ба дини ислом шак оварда, номи пайғамбарамонро таҳқир намудааст.
Ман чӣ хел мефаҳмондам, ки Ҳиндустон куҷою Арабистон дар куҷо ҷойгир шудааст. Ҳамаи нишастагон мағлубияти маро ҳис карда, ғолибона ба ман менигаристанд. Хомӯш истодан мумкин набуд.
— Ҳамааш ҳамин? — хостам, ки эшон боз чизе илова кунад.
— Ба фикрам ҳаминаш кифоя, — гуфта эшон даст ба дуо бардошт. — Туро лозим меояд, ки хайма ба гулзори дигар кас занӣ. Аз мани пир насиҳат. Фикри он ҷодугарро аз сарат бадар кун. Боз ба ягон бало гирифтор нашавӣ...
Аз хона бо табъи хира баромадам. Чорӣ – бобо авзои маро дида, ба куҷое ғайб зад. Хостам, ки ба хонаи дӯстам, агрономи колхоз Ҷаҳон даромада, каме шоҳмотбозӣ кунам. Ба ҳавлӣ наздик шуда овози ҷанҷоли зану шавҳар ба гӯшам расид. Зуд худро пушти дарахт гирифтам.
— Фасон карда, ба назди оимчаҳоят шитоб дорӣ?
— Занак, о ман ба кор рафта истодам. Ту чиҳо гуфта истодай?
— Медонам, кори туро. Даруни ҷӯяки пахта қадам зада, ба хонумчаҳоят чашмак мезанӣ.
— Шукуфа, ба ту чӣ шуд? Охир, мо ҳамдигарро дӯст дошта, оила барпо кардем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё