Зеҳн
Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Пас намебошад чаро шабҳо дер меоӣ? Канӣ, гап зан? Хонаи кадом хушдорат меравӣ? Худо накарда қапам, агар шармандаи ду дунё накунам, номам Шукуфа намебошад.

— Аз пода пеш чанг наҳезон, — оромона ҷавоб гардонд Ҷаҳон. — Аввал ту маро дор, ана баъд чӣ коре аз дастат ояд, бикун.

— Маро гулу гаранг мапиндор, — паст наомад зан. — Ту он қадар хом нестӣ, ки осонакак ба даст афтӣ. Ҳа! Ту ҳамин қадарӣ, боз ҳамин қадари дигар дар дарунат. Ҳар кадамата дониста мемонӣ. Ту, охир, писари Раҳмони шайтон нестӣ? Ин макру фириб ва хилаю найрангро аз падарат мерос гирифтай.

Ҷаҳон тоқат накард. Давом додани баҳсро ба худ раво надоид. Бо шаст дарро кушода, худро ба берун зад. Маро дар пушти дарахт дида, каме сурх шуд. Баъд оҳи вазнин кашида алам кард.

— Ҳар рӯз аҳвол ҳамин. Намедонам чӣ кор кунам?

— Насиҳат кунӣ намешавад?

— Насиҳат куҷо, — даст афшонд дӯстам. — Метарсам, ки ҳарфи ноҷое аз даҳонам барояд. Ана, баъд рӯзамро нишон медиҳад. Дар чунин ҳолат ба халосгар зор мешавам.

Мо то охири кӯча суҳбат кардем. Аниқтараш Ҷаҳон буғзи дилашро кафонд. Дилам ба ҳоли дӯстам месӯхт. Ҳарчанд фикр кунам ҳам, илоҷи аз ин вазъият раҳо кардани Ҷаҳонро намедонистам. Бо дӯстам видоъ карда, ба тарафи хонаи чӯгидухтар роҳ пеш гирифтам. Ҳанӯз ба Гулҳарам наздик нашуда, ӯ бо чеҳраи ҷиддӣ пурсид:

— Чӣ гап? Чӣ ҳодиса рӯй дод?

Ман дар вазъияти ногувор мондани Ҷаҳонро нақл кардам ва бо таАССУФ шарҳ додам, ки дар ин ҳол ба дӯстам ёрӣ дода

пешина
аз 164
навбатӣ