Зеҳн
Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

панҷ сол аст, ки ман дар Мюнхен зиндагӣ дорам. Азбаски бесаводу беҳунар будам, ҳамсари ғамхорам дар чорроҳаи марказии шаҳр дӯконе харид ва ман то ҳол аз рӯзномафурӯшӣ ризқу рӯзӣ меёбам. Се фарзанд дорам. Ду духтару як писар. Ҳамроҳи Бердимуроди туркман ва чанд ғариби дигар ҳар рӯзи шанбе дар тарабхонае ҷамъ мешавем ва ба ёди Ватан, хоки зодгоҳ, дидори хешу табор ва ёру дӯстон суруд мехонему ашки ҳасрат мерезем.

Фозил аз кисааш латтапораеро бароварда, болои миз гузошт ва бо ангуштони ларзони дасти рост гиреҳи онро кушод. Абдулҳамид ва Сафар як каф хокро диданд.

— Ин хоки ватанам, хоки зодгоҳам ва хоки гӯри падарам, — нолид Фозил.

— Чӣ тавр ба дастат афтод? — савол дод Абдулҳамид.

Фозил латтаро дубора гиреҳ заду бӯсид.

Хуршед аз паси кӯҳҳо сар мекашид. Тайёра дар ин субҳи босафо аз фурудгоҳи Домодедово ба ҳаво бархост. Фридрих аз шишаи танги ҳавопаймо ба берун чашм дӯхта буд. Пас аз чанд соате сари ҳар санги Ватан ва ҳар ваҷаб хоки он саҷда хоҳад кард.

Тобистон буд. Ӯ ба кӯҳҳои сар ба осмон афрохтаи барфпӯш нигариста, меандешид, ки қаторкӯҳҳои Дарвоз дигаранд, ҷозибаи дигар доранд. Маргарита буд, ки ба дари чандин идораҳо сар халонда, ҳамчун сайёҳ бароиш ҳуҷҷат омода кард ва ҳини гусел бо меҳр гуфт:

— Рафта, хоки ватанатро бибӯс. Падаратро ба оғӯш бигир. Ба хусурам аз ману наберагон салом расон. Эҳтимол ба дидори Марворид ҳам расӣ.

пешина
аз 164
навбатӣ