Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа
Инро аз дили соф гуфт. Фридрих дар оҳанги гуфтори занаш рашке ҳис накард.
Дари ҳуҷраи сарнишинон кушода шуду аз он ҷавонзани мавзунқомати зебочеҳра, аммо кокулбурида берун шуд ва бо забони русӣ ба мусофирон муроҷиат кард:
— Мусофирони муҳтарам! Пас аз панҷ дақиқа ҳавопаймои мо дар фурудгоҳи пойтахти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсилистии Тоҷикистон шаҳри Душанбе менишинад. Хоҳишмандам тасмаҳои бехатариро бандед. Баъди тамоман аз ҳаракат мондани муҳаррики ҳавопаймо мо шуморо барои фаромадан даъват менамоем. Ташаккур!
Ҳавопаймо дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе ба замин фаромад ва пас аз каме чарх задан ба ҷойи исти худ омаду қарор гирифт. Муҳаррик хомӯш шудан замон ҳамон стюардессаи хушандом аз ҳуҷраи сарнишинон баромад.
— Мусофирони муҳтарам! Ба фаромадан тайёр шавед! Хоҳиш мекунам, ки анҷомҳоятонро фаромӯш накунед!
Ҳама ба ҷунбуҷул даромаданд. Фридрих чашмонашро пӯшида, ҳаяҷони дилашро паст менамуд. Ҳеҷ бовар намекард, ки баъди солҳои тӯлонии интизорӣ ба замине, ки дар он хуни нофаш рехта, пой мегузорад. Ба дидори падараш мушарраф мегардад. Кафашро аз оби софу сарди дарёи шӯхи Хингоб пур карда, аввал ташнагии дили пурҳаяҷонашро мешиканад ва баъд ба рӯи тафсонаш мепошад.
Фридрих аз салони ҳавопаймо баромада, ба осмони нилгун чашм давонд. Офтоб чун сафинаи зарин оҳиста ба ҷониби ғарб шино дошт. Нури хуршеди Ватан – нури гарм, ниҳоят равшан ба назар менамуд. Чуқур нафас кашид ва аз зинапоя фаромад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё