Зеҳн
Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

қаҳратун болои барф дароз кашиданашро ба ёд овард. Инсон бо ҳар мушкил тоб меовардааст. Ҳеҷ гап не. Меҳри замини диёр ӯро навозиш мекунад ва гарм нигоҳ медорад. Борҳалтаашро зери сар монд ва ба хоби роҳат рафт.

Бо хониши мурғакон чашм кушод. Ба уфуқе, ки акнун ба худ ранги қаймоқӣ мегирифт, назар афканд. Дар ин лаҳза ҳаёти худро ба ана ҳамин уфуқ монанд мепиндошт. Аммо тасаввур ҳам карда наметавонист, ки дар пеш ҳоло талхию ғуссаҳои зиёде ӯро интизор аст.

Нахустин, деҳаи Миёнадуи худро вайрону валангор дида, чанд муддат карахт монд. Охир, худро маҷбур кард, ки ба сӯи макони падарӣ, ки аз он танҳо похсадеворҳо монда буданд, қадам гузорад. Болои суфа, ки ба гарами хоку лой табдил ёфта буд, нишаст ва ба дунёи кӯдакии худ бо чашми ҳайрат нигарист.

Мӯйсафеде харсавор аз кӯча гузашту дар ин деҳаи вайрона марди танҳоро дида, маркабашро нигоҳ дошт. Бо забони мардуми таҳҷой пурсид.
— Мегум, балам, касера мековӣ?

Фозил ҷавоб надод. Танҳо ба чашмони нилгуни пирамард назар мекард. Ҳамин чашмон дар салони ҳавопаймо ба ӯ бо диққат менигаристанд. Ҳамин чашмон дар нақлиёти мусофирбари фурудгоҳ гӯё саропои ӯро суроҳ мекарданд. Аз дил гузаронд, ки ҳунармандона худро орову торо додааст. Вале фаромӯш кардааст, ки чашмону дастонашро низ рангубор бахшад.

Мӯйсафед гӯё фикри мардро хонд, ки зуд дастонашро зери рӯймол гирифт.
— Ба зодгоҳам омадам. Насиб набудааст. Деҳаро дар ин сурат дарёфтам.

пешина
аз 164
навбатӣ