Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа
Акнун барои расидан ба дидори падар фурсати кам монда буд. Ҳамагӣ чанд лаҳзаи дигар...
Сафар ба зодгоҳ тавассути роҳи мошингарди Душанбе — Хоруғ иттифоқ афтод. Роҳҳо мумфаршу қад — қади ҷода деҳаҳои дарахтпӯш. Аз пайраҳаю роҳҳои морпечи кӯҳӣ нишоне намонда. Ин масофаро, ки ҳини рафтам бо азобу машаққат пиёдаву маркабсавор ду рӯз тай карда буд, инак дар чанд соате пушти сар намуд. Фикр мекард, ки деҳаи азизи Миёнадуи худро низ чун деҳаҳои поёноб сердолу дарахт ва бо биноҳои навсохт мебинад Дар назди кӯли Кабуд ронанда мошинро нигоҳ дошт.
— Ақа, то деҳаи шумо мошин рафта наметавонад. Мардум ин масофаро пиёда тай менамояд.
— Ба ҳаминашам шукр, — гӯён Фридрих аз мошин фаромад. — Раҳмат, додар.
Ба атроф муштоқона менигарист, аз ҳавои гарми зодгоҳ чуқур-чуқур нафас мекашид. Кӯҳҳои Ватан тамкини хосае доранд. Онҳо зебу зинати тамоми Тоҷикистонанд, зимистону тобистон қуллаҳои баланди осмонбӯсашонро абрҳои гоҳ сафеду гоҳ тира печонидаанд. Ин қуллаҳо сари баланди моянд, асрори асрҳоро бар худ ҷабидаву абадӣ сукут варзидаанд. Дар оғӯши ҳамин кӯҳҳо ба дунё омадааст вай, қадамҳои нахустинашро дар шоҳидии онҳо гузоштааст. Аз суруди мургакони зиёди хушхон баҳра мебурд, аз хониши кабкҳои дарӣ, ки рӯи харсангҳо ногоҳ пайдо шуда, қаҳ – қаҳа сар медоданд, мафтун мегардид.
Торикӣ мефаромад. То деҳа холо масофа дур буд. Қарор дод, ки зери дарахти арчаи бузурги сари роҳ, ки шоҳаҳояш то замин дароз кашида буданд, хоб равад. Дар зимистони

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё