Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа
раис форида бошад, — бобои Довуд каме нафасашро рост кард, — ба ӯ фаҳмонед, ки пас аз маргам заминро аз худ кунад! Ба номаш васият мекунам. Дилпур бошад.
Хомӯшии ногуворе ин лаҳза гуфтугӯро пахш кард. Хеле пас мӯйсафед, бар хилофи интизории раис, ки умед дошт вай ба сабукӣ аз порчаи замин гузашт мекунад, сукунатро шикаст:
— Раис, ман фарзанде надорам ва гӯлу гаранг ҳам нестам. Мебинам, ки раис дар гирди кӯл чарх зада, чӣ нақша мекашад. Ман ин пораи заминро ба гӯр намебарам.
Агарчӣ мӯйсафед ҳаяҷони худро пинҳон кардан мехост, аммо ларзиши овоз ҳолати рӯҳии ӯро ошкор кард. Пас бо ҳамон тундӣ бархоста, вазнин аз дар баромад.
Раиси ҷамоат гаранг шуд. Сари дастархон бо сари хам менишаст, чӣ гуфтанашро намедонист. Чеҳраи гирифтаи падарам тиратар шуд, аз байни дандонҳои зардшудааш дуди тамокуро ҳалқа – ҳалқа ба ҳаво сар дода, пиёлаи аз шароб холишударо бо хашм ба канори хон партофт:
— Аз дастат балое намеояд!
— Ба фикрам то зинда будани онҳо ба ин масъала даст назанем...
— Як ҳафта муҳлат! — бо зарда сухани Ойматовро бурид, падарам. — Рӯзҳои наздик бояд дар лаби кӯл сохтмонро сар кунем. Бӯстонсаро месозам.
— Як бало карда, ҳатман онҳоро ба ҷойи дигар мекуҷонам, — бо тамаллук даст пеши бар гирифт Ойматов ва ба пиёла аз нав шароб рехт.
— Ин гапи дигар, — дар лабони падарам табассум давиду пиёларо бо қадаҳи меҳмон ҷанг андохта, ба сар кашид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё