Зеҳн
Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

– Бридагаи худатро, – сардор ангушти ишорат рост кард. – Кафшергару харротро ҳатман гиред. Бе онҳо сохтмон пеш намеравад. Хоҳед, аз дастаи ёрирасон се – чор каси дигарро низ ҳамроҳ кунед.

– Мумкин Ҳамдамро гирам? – рӯзноманигори болаёқатро дар иҷрои орзуи худ истифода бурданӣ шудам.

– Ҳамон мухбири ҳангоманависро? – бо ҳайрат Муҳаббатов сар бардошт.

– Бале, ҳамон мухбири ҳақиқатҷӯйро.

– Ба сарамон ягон бало биёрад – чӣ? – сардор дар дилаш нисбат ба вай шубҳа дошт.

– Медонед, дӯстам, – дар азми худ истодагарӣ намудам, – дар ҷумҳурии ба мо дӯсту ҳамсоя кор мекунем. Ҳамдам доир ба натиҷаи фаъолияти бригада хабару мақолаҳои беҳтарин менависаду обрӯямон баландтар мешавад.

– Ин фикр олиҷаноб, – каме ба андеша рафт Муҳаббатов. – Ба ҳар ҳол, масъулияташ ба зиммаи шумо. Боз ягон хабари подарҳаво паҳн накунад.

– Аз ин ҷиҳат хотирҷамъ бошед.

Ба ҷойи кор расида, ба Ҳамдам супориш додам, ки оид ба саргузашти муҳаббати бобои Довуду холаи Офтоб маълумот гирд оварад.

– То супоришро иҷро накунӣ, шаклу шамоилатро ниҳон надеҳ, – вақти хайрухуш сахт таъкид кардам.

Ӯ корхонаро тарк карду баъди чор моҳ рагу ришта гашта, бо чеҳраи офтобхӯрда пайдо шуд ва дастнависро болои миз гузошт. Ҳарисона ба он часпидам...

пешина
аз 164
навбатӣ