Зеҳн
Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Оқсақол довталабро ба мардум шинос кард. Тӯхтабой ба ҷавон эътибор ҳам надод. Дар байни паҳлавонон ин ном машҳур набуд. Бо як беэътиноӣ ба ҳариф часпиду худаш сарфаҳм нарафт, ки ду пояш сабук аз замин канда шуда, ба тахтаи пушт хобидааст. Довуд нафас рост накарда, сардори маърака эълон кард:

– Нусрат паҳлавон ба талаби Довуд баромадааст.

Довуд дар тааҷҷуб монд. Ӯ ҳеҷ дар ёд надошт, ки Нусрат боре гӯштӣ гирифта бошад. Агар ғалаба насибаш гардад, Офтоб чӣ мегӯяд? Кори ман чӯпонист. Шабу рӯз ҳамроҳ бо рамаам, аммо дилам, тамоми ҳастиям он ҷост. Офтоб маро мефаҳмида бошад?..

Нисфирӯзӣ. Хуршеди оламоро тамоми гармии худро ба замин рехта, онро бераҳмона метафсонд. Довуд бари ёла дароз кашида, ба тохти асп нигоҳ мекард. Асп бисёр тунд медавид. Дигар ба таранг кашидани ҷилаваш нигоҳ накарда, саворро ба тарафи рама меовард. Чӯпон аз нохост пайдо шудани Нусрат дар ҳайрат монд.

– Чор сар гӯсфандро ба тӯйхона бурданат даркор, – савор ҷилави аспро дар рӯ ба рӯйи хизматгораш кашид.

– Ҳӯҷаин, худатон баред, – илтимос кард Довуд. – Ҳоло сарчӯпон аз хонааш барнагаштааст. Ба Партов бовар надорам.

– Супориши дигар дорам, – Нусрат сари аспи сиёҳмушкинро ба тарафи муқобил гардонд.

Довуд ба ҳамкораш чанд маслиҳат дода, ба роҳ даромад. Қарибиҳои бегоҳ ба деҳаи Дарбанд расид. Дарро ба рӯяш духтари тахминан 16 – солаи химчамиён кушод, ки мисли парӣ буду каллаи хурдакаке дошт. Чашмони сиёҳи кабудтоби туманияш дил мерабуд. Табассумаш ба чашм

пешина
аз 164
навбатӣ