Зеҳн
Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

равшанию ба ҷон роҳат мебахшид. Каллаи ба қафо гардондааш дар табақи дарвоза ба муҷассама шабоҳат дошт. Синаҳои бардамида, гардани сафед касро шайдо мекард.
– Мумкин? – ба рӯйи чун моҳи духтар нигариста, Довуд давоми суханашро гуфта натавонист.
– Марҳамат, – лабханди малеҳ симои духтарро зеботар гардонд. Дар ду бари рухсораҳои анормонандаш ҷочҳаҳо пайдо шуданд.
Ба гӯши чӯпон овози зангӯла расид. Ба назараш чунин намуд, ки ин садои форам ӯро аз замин бардошта, ба дуриҳои дур бурд. Ҳиссиёти ногаҳоние дар дилаш ҷӯш зад, баданашро арақи гарм пахш кард. Аз чӣ бошад, ки тапиши дилаш сахт шуд. Боазоб худро ба даст гирифта, аз асп фаромад.
– Гӯсфандонро ба куҷо ҳай кунам?
– Ба молхона, – духтар бо ҳаракати зебои даст тарафи чапи ҳавлиро нишон дод.
Довуд бори якум чунин ҳавлии калону барҳаворо медид. Чойлоби баланду дарози ангур рӯйи ҳавлиро бо пуррагӣ мепӯшонд. Ба қатори девори ҳавлӣ дарахтони себу хурмо, зардолую шафтолу, санҷиду олу, анҷиру анор қад афрохта, байни дарахтон гулҳои садбаргу райҳон, тоҷи хурӯсу бунафша ҷилва намуда, ба гирду гӯша бӯйи хуш парешон мекарданд. Дар шохаҳои дарахтон қафасҳои кабку бедона овезон, ду товус дар рӯйи ҳавлӣ ҳиромон гашту гузор доштанд.
– Ман бояд баргашта равам, – пас аз он ки гӯсфандонро ба оғил даровард, Довуд ҳатто ба духтар нигоҳ накарда, ба худ нимгурма чунин гуфт.

пешина
аз 164
навбатӣ