Зеҳн
Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

паҳлавон наметавонист Тӯхтабойро мағлуб кунад? Метавонист! Вале ба хотири ман ӯ муҳорибаро бой дод. Ту бошӣ, дӯсти маро беобрӯ кардӣ...

Ин дафъа Нусрат бо зонуяш ба қафаси синаи даҳмарда зад. Нафас дар гулӯи Довуд дармонд. Пеши чашмонаш тира гашт. Нусрат фурсати муносибро ба фоидааш анҷом доданӣ шуда, Довудро як паҳлу афтонд. Аз нав майдонро нидоҳои таҳсину офарин паҳш кард. Нусрат бо кибру ғурур гирди майдон мегашт. Довуд сари зону хест. Саропояшро ҳисси хашму ғазаби беандоза фаро гирифт. Ҳанӯз Нусрат болои сараш рост нашуда, бо шаст қоматашро боло кард. Ҳариф, ки ба ғалабааш бовар дошт, дастонашро чун боли уқоб ба ду тараф ёзонду сӯяш давид. Довуд чобукона аз ду китфи Нусрат гирифта, болои сар бардошта чарх заданд. Ба назари Нусрат намуд, ки замин дар гирди ӯ мегардад. Ҳатто ба гӯшаш садои доду фарёди мардум намедаромад. Паҳлавон надонист, ки чӣ қадар дар ҳаво тоб хӯрд. Вақте ба худ омад, ки дар байни давра бо тахтаи пушт хобидааст. Чашмонашро кушод. Ҳоло ҳам осмони нилгун дар гирди сараш чарх мезад...

– Партов, суҳбат боқӣ, рамаро аз кутан барор! – амр кард Довуд. – Ба чарогоҳи дараи Ниҳон меравем.

– Аклатро хӯрдай магар? – ҳайрон шуд Партов. – То рафта меоем, ки ду моҳ мегузарад.

– Ҳеҷ гап не, – Довуд аз нав аспашро зин кард. – Гӯсфанд ҳам гӯшт мегираду ҳам пашм.

– Падарамро интизор намешавем? – Партов ба такягоҳи хеш умед баст.

– Мо намедонем сарчӯпон кай меояд, – Довуд ба аспаш савор шуд. – Аз омаданаш чизе нагуфт – ку. Ғайр аз ин, ҳар

пешина
аз 164
навбатӣ