Зеҳн
Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

дуямон аз уҳдаи нигоҳубини рама мебароем. Барои ҳамин гапа чилбур воре дароз накарда, рамаро ҳай кун...

  • 5 -

Хидматгор болои сари оқсақол рост шуд. Турдӣ норозиёна ба ғур - ғур даромада, чашмони хоболудашро базӯр кушод. Ҳаш - ҳашкунон қомат боло кард. Оруки бадбӯе зада, сабаби субҳи барвақт нороҳат карданашро пурсид.

  • Маннон назди шумо омадааст.
  • Маннон?.. Чӣ мехостааст? Ман ба ӯ барои кадом кор зарур шуда мондаам? Агар дасти холӣ омада бошад, гӯй, ки ман дар хона нестам.
  • Як гӯсфанди бурдоқӣ овардааст.
  • Гӯсфанд гуфтӣ? О, агар ин хел бошад, зуд онро дар молхона сар деҳу Маннонро ба меҳмонхона бар. Тез офтобаро биёру сару рӯйи маро шӯй.

Дар давоми ин гуфтугӯҳо Турдӣ - оқсақол риши тор - тори худро шакумол карда, меандешид, ки сарчӯпони Тошпӯлодбой барои кадом кор ба зиёраташ омада бошад.

Маннон ба меҳмонхонаи барҳавои оқсақоли деҳа даромада, аз дил гузаронд: "Ҳамаи ин кару фар аз ҳисоби кӣ бошад?"

Турдӣ шиками варамидаашро ҷунбода - ҷунбондаву ҳар замон орук зада, аз қафои меҳмон даромад. Гӯё аз омадани сарчӯпон хурсанд бошад, бо як сохтакории махсус ба аҳволпурсӣ даромад:

  • Шинед, шинед, - Маннони ба пешвозаш аз ҷой хестаю ду даст пеши бар гирифтаро аз нав ба ҷояш шинонд. - Сиҳату саломат ҳастанд? Зану бачу қач, аҳли байт дар чӣ
пешина
аз 164
навбатӣ