Зеҳн
Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан
  • Аз рӯйи аспи сиёҳмушкин тахмин мекунам, - рӯй турш кард Партов.

  • Аспи сиёҳмушкинро ман ҳам шинохтам, - шубҳаи ҳамкасбашро барҳам заданӣ шуд Довуд. - Бачаро шинохтӣ?

  • Не, - иқрор шуд Партов.

  • Агар ин савора аспи Нусратро бо илтимос гирифта бошад - чӣ? - Довуд рост ба чашми варамидаи ҳамкораш нигарист.

  • Ин тавр ҳам шуданаш мумкин, - розӣ шуд Партов.

  • Ана, дидӣ, - дар қаъри дил хурсанд шуд Довуд. - Биё баҳсро як тараф монему илоҷи хондани онро ёбем.

  • Ман хату савод надорам, - бо алам гуфт Партов. - Кори ман аз пушти рама гаштан. Коғазро ба ту фиристодаанд. Худат ҳисобашро ёб...
    Партов боз чӣҳо гуфту дар охир ба қисмати талхи худ нафрат хонда, ғур - ғуркунон ба хайма даромада рафт.
    Довуд ба лиффофа чун ба мӯъҷизае менигарист. Ба назараш намуд, ки аз ҷилои коғази сафед олам тобиши дигар гирифт. Дилаш гувоҳӣ дод, ки аз ҳамин дақиқа дар ҳаёташ гардиши куллие ба амал омад. Довудро овози дағалу нофорами Партов ба худ овард.

  • Чӣ санг воре шах шудӣ? Ба хайма даро, вақти хӯроки шом шуд.
    Довуд бо меҳр бастаро таги чакман бари дилаш гузошту сӯйи хайма шитофт...

  • 7 -

  • Эҳ, паҳлавон, хуш омадӣ, - Довудро хушнудона пешвоз гирифт мулло Шоим. - Манзили маро чӣ тавр ёфтӣ?

  • Ҷӯянда - ёбанда, ҳазратам, - Довуд устоди мадрасаро ба бағал кашид. - Суроғ карда ёфтам.

пешина
аз 164
навбатӣ