Зеҳн
Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

– Кадом шамол баҳодури номиро овард? – мулло Шоим бо табассум ба меҳмон нигарист. – Аз кор пеш накарданд?

– Ҳоло не, – Довуд бо ханда ҷавоб гардонд. – Маро ба назди шумо бесаводи овард.

– Нафаҳмидам, – ҳайрон шуд мулло. – Дурусттар фаҳмон.

– Ба шумо чӣ хел фаҳмонам? – дар хиҷолат монд дахмарда.– Шахсе ба ман қоғаз фиристодааст.

– Фаҳмо, – дар пешонии фарохи соҳиби хона чинҳо пайдо шуданд. – Ман бояд онро хонда диҳам.

Чӯпон сар ҷунбонду аз бағалаш бастаро баровард.

– Агар мактуби ошиқона бошад, ман ҳақ надорам, ки ба он шинос шавам, – мулло Шоим дасти ба сӯяш дарозкардаи Довудро андак тела дод.

– Ман намедонам, ки ин пораи қоғаз мактуб аст ё чизи дигар. Агар мактуб бошад, намедонам, ки аз номи кист, – паҳлавон аз хиҷолат сурх шуд.

– Вале тахмин дорӣ, ки он номаи муҳаббат аст, – соҳиби манзил синчакорона ба рӯйи Довуд нигарист.

Мактуб дар дасти ҷавонмард ба ларзиш даромад.

– Мушкилатро дигар хел ҳал мекунем, – дили мӯйсафед ба ҳоли дахмарда сӯхт.

Мулло Шоим писарашро як тараф бурда, дуру дароз суҳбат кард.

Шодӣ ҳар дам бо ифодаи тасдиқ сар меҷунбонд. Пас аз анҷоми гуфтугӯ Довуду Шодӣ ба хона даромаданду паҳлавон мактубро ба дасти писарак супурд. Шодӣ онро хеле боэҳтиёт кушода, ба хондан сар кард.

«Пагоҳӣ бо ҳиссиёти аҷоибе аз хоб бедор шудам.

пешина
аз 164
навбатӣ