Зеҳн
Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Аз ғайб гӯё ба ман фариштаҳо хабар мерасонданд, ки имрӯз дар ҳаётам ҳодисаи фавқулодае рӯй медиҳад. Бо табъи болида аз ҷойхоб хестам.

Ба ҳар кору ба ҳар суҳбат ҳамроҳ мешудам. Ҳолати маро дида модарам пурсид:
– Офтоб, имрӯз ба ту чӣ шудааст? Тамоман шукуфтай.

Ин ҳолат то дар погахи дар пайдо шудани шумо давом кард. Шуморо дидаму сабаби беқарории ҷону диламро донистам. Дили ман кайҳо ҷӯи ишқ буда, ана барои чӣ дар ҷустуҷӯи ҷуфти худ дар такопӯ, дар часпу талошу талвосаҳо побанд будааст! Донистам, ки Худованд маҳбуби дилу дидаи маро дар рӯ ба рӯям ҳозир кард. Ҳамон лаҳза неруе маро такон дод. Хаёл кардам дар ин олам танҳо ҳар дуи мо вуҷуд дорем. Хостам бе ҳеҷ андеша худро ба гардани баланди шумо ҳаво диҳам, то ки садои тапиши дили беқарори маро шунавед. Вале...

Гумон кардам, ки бо дидани шаҳзодаи афсонавӣ дили ман таскин меёбад. Ҳайҳот! Шаб сар ба болин мондаму чашм пӯшидан замон симои баҳодуронаатон пеши назар меомад, аз болин сар бардошта, болои ҷойхоб соатҳои дароз менишастам. Модарам ин ҳолати маро дида, ба сарам дод зад.
– Илоҳим, ҷавонимарг нашуда мурӣ. Имрӯз туро дар ҳақиқат чӣ бало задаст?

Чӣ хел ба модарам мефаҳмондам, ки он бало ишқ аст? Ишқи сӯзон, ишқи ҷӯшон, ишқи хурӯшон, ишқи фурӯзон, ишқи тафсон. Худро бо он тасалло медодам, ки пагоҳ боз як бор ба дидоратон мушарраф мегардам. Пайти муносиб ёфта, дарди бедавои дили худро мегӯяму барои шифою дармони ин дарди ширин даво меҷӯям.

пешина
аз 164
навбатӣ