Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа
пинҳоншудаи туро донистан хост. Гуфтам, ки бо ин ном шинос нестам. Исто, исто! Дар рӯят ранг нест. Гӯё туро дар осиёб орд карда бошанд.
-
Ҳазратам, аввал ба хона дароем, - хоҳиш кард Довуд. - Вазъият ниҳоят мураккаб, сарҳо гиҷ, дилҳоро воҳима пахш кардааст. Ба мо, бандагони ношукр, фаҳмонед, ки чӣ кор кунем?
-
Фаҳмотар гап зан, - мулло аз қафои паҳлавон дарро пӯшид.
Довуд воқеаро ба тафсил ҳикоя кард. Мулло Шоим хеле ба фикр фурӯ рафт. Баъд сар бардошта, рост ба чеҳраи коҳидаи ҳамсуҳбаташ нигоҳ кард.
-
Амир халоиқро ба ҳоли худ партофта гурехт. Мардум бе сарвар монд. Ба кишвар аз ҳар сӯ ҳарисон сар дароварданд. Ҳам Анварпошою ҳам балҷабекҳо як мақсад доранд - аз худ кардани ин мулки бесоҳиб. Ба шумо маслиҳат: кадом тарафе зӯр бошад, ба ҳамон тараф гузаред. Довуд як лаҳза ба андеша рафту гуфт:
-
Ин хел бошад, ба тарафи сурхҳо мегузарам. Лекин мегӯянд, ки онҳо кофиранд, бединанд, ба Худо эътиқод надоранд, шариатро поймол карданианд.
-
Эҳ, бефаҳм, - ба хашм омад мударрис, - замоне ки амир аз арзишҳои муқаддаси исломӣ пуштибонӣ накарду гурехт, дигар чӣ ҷои баҳсу мунозира?
Довуд аз дар баромада, ҳанӯз даҳ қадам нагузошта буд, ки дар рӯ ба рӯяш дастаи саворонро дид.
- Ҳа - а, гадои сарлучу пойбараҳна! - Нусрат бо тамоми қувва бо қамчин ба сари собиқ чӯпонаш фаровард. - Охир ба дастам афтодӣ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё